Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле беҳтар шудааст, ки ин далолати рушду пешрафти соҳаи авиасияи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.
Бо оғоз гардидани парвозҳо, вазъи молиявӣ – иқтисодии фурудгоҳ рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти минбаъда ва устувор гардидани хизматрасонӣ ба мусофирон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Вобаста ба вазъи баамаломада, аз тарафи роҳбарияти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ҷиҳати ободонию созандагӣ дар партави ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, таъмири бинои маъмурии фурудгоҳ, сафолакпӯш намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва роҳҳои ба он баранда, лавҳаҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Саноатикунонии босуръат – ҳадафи чоруми стратегии мамлакат», шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ, ороишӣ ва кабудизоркунии атрофи корхона, васлу насби таҷҳизоти парвозу фурудоии тайёраҳо СП – 75

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё