Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд.

Фурудгоҳҳоро дар марҳилаҳои гуногун авиаторони заҳматкаш роҳбарӣ намуданд. Вақте рӯзи 28-уми декабри соли 1968 бори аввал ҳавопаймои тамғаи Ан-2 дар хатсайри Кӯлоб - Қӯрғонтеппа парвозро анҷом дод, ҳамон рӯз эскадрилияи ҳавопаймоии Қӯрғонтеппа таъсис ёфт, ки командири он В. Гусев буд. Соли 1973 эскадрилияи ҳавопаймоии Қӯрғонтеппа ба гурӯҳи ҳавопаймоӣ табдил ёфта, сардори он В. Журавел таъин гашт. Сипас, 5-уми октябри соли 1973 директори фурудгоҳ Владимир Данилович Кот таъин гашт, ки минбаъд дар рушди фурудгоҳ корҳои назаррасро анҷом дод. Ҳамчунин, дигар ашхосро низ месазад номбар намоем, ки барои пешрафти кор дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа заҳмати чандинсола кашидаанд. Инҳо В. Журавел, С. Рогожников - роҳбари парвозҳо, А. Лайтнер - сардори хадамоти боркашонӣ, И. Дейберт, А. Ветвитская, В. Заварзин, Е. Кусмартсева, Ю. Долматов, Т. Ҷӯраев, М. Абдулатифова, Р. Абузяров, В. Иванков, В. Доброхотов, Р. Рахимов, Ҷабборов, Хаиров, А. Исоев, Фақирова, Дудаев, А. Хоҷаев ва ғайраҳо мебошанд. Барои хизмати софдилонаву

пешина
аз 275
навбатӣ