Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

тӯлонӣ кормандони зиёди фурудгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд. Хусусан, саҳми Михаил Леонов, собиқ директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» дар пешрафту рушди фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дар давраи пешазистиқлол ва замони истиқлол беназир аст. Ӯ зиёда аз 40 сол дар фурудгоҳи номбурда аз коргари қаторӣ то сардори фурудгоҳ фаъолият дошт. Инчунин саҳми Маҳмудзода Маъруфҷон собиқ директори генералии фурудгоҳ низ дар рушди корхона арзандаву назаррас дошт.

Абдурашидзода Фарҳод Абдумуъмин аз моҳи июни соли 2017 то ҳол вазифаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар»-ро ба уҳда дорад. Зимни суҳбат бо ин роҳбари ҷавону сермаҳсул ӯ таъкид намуд, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» гузаштаи пурифтихор дорад. Дар зарфи 55 соли фаъолияти фурудгоҳ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар, минтақаву ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидааст. Набзи фурудгоҳ баробари набзи замон тапида, ҳар як супоришу дархосте, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ рӯи кор меомад, дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқи талаботи замон иҷро мегардид. Кор дар фурудгоҳ сол ба сол вусъати тоза касб намудааст. Интиқоли борҳои мухталиф ва мусофирбарӣ зиёд

пешина
аз 275
навбатӣ