Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
гардида, хатсайрҳо ба минтақаҳои мухталиф арзи вуҷуд карданд ва мавқеи фурудгоҳ чун муассисаи давлатӣ сол то сол устувор мегардад.
Боиси зикр аст, ки фурудгоҳ аз оғози фаъолияташ ба мактаби ҳақиқии тарбияи ҳавонавардони миллӣ табдил ёфт. Месазад хотирнишон намуд, ки аҳли муассиса, аз роҳбарони кордони фурудгоҳ то ҳайати кормандон ба халқу Ватани хеш арҷ мегузоранд. Кормандон бо ташаббускорӣ ва масъулиятшиносии баланд вазифаҳои ба уҳдадоштаашон софдилона иҷро менамоянд. Дастуру супорише, ки аз Ҳукумати мамлакат ва Агентии авиасияи граждании Тоҷикистон ба мо ироа мешавад, бо сифати аъло, сари вақт ва дар сатҳи баланд иҷро мегардад.
Таҷрибаи мактаби ҳавонавардони фурудгоҳи Бохтарро омӯхта, аз кори шарафмандонаи онҳо ифтихор мекунем. Зеро майдони ҳавоии фурудгоҳи Бохтар вобаста ба шароиту имконоташ рисолати таърихии хешро иҷро мекунад. Фурудгоҳи Бохтар ҳамчун мактаби мардонагию шуҷоат номашро дар таърихи Ватанамон сабт намудааст.
Замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиасияи граждании мамлакат ва шаҳри Бохтар имконоти васеъ фароҳам овард. Бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё