Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
касе вориди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ»
мегардад, ин тасаввураш ботил хоҳад баромад. Зеро ҳангоми ба ҳавлии ширкат ворид гаштан, кас аз дидани манзараи зебо, гулҳои зебову муаттари ороишӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда ҳаловат мебарад ва аз бӯи сӯзишворӣ нишоне ҳам несту онро бӯи хуши гулҳои муаттар ҷойгузин аст.
Соли гузашта ҳайати кории Ҳукумати Россия ба Тоҷикистон омада, ба ширкати мазкур низ ташриф оварданд ва ҳама ҷоро аз назар гузаронданд. Рости гап меҳмонон аз дидани гирду атроф, таҷҳизот ва дигар хадамотҳои ширкати ҷамъияти номбурда ба ҳайрат омаданд ва гуфтанд, ки ин ободӣ ва тозагие, ки дар корхона ҳукмфармост ва он таҷҳизоти замонавие, ки дар корхона насб гардидааст, дар ширкатҳои Русия низ кам ба назар мерасанд ва ба садри ширкату кормандони он таҳсину офарин гуфтанд.
Бояд гуфт, ки дар гузашта, моҳи апрели соли
2010 хадамотҳои маводҳои сӯзишворию равғанҳои
молидании шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа
бо ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» муттаҳид
гардида, минбаъд базаи ҶСК «Ширкати таъминоти
сӯзишворӣ» дар шаҳри Хуҷанд, базаи ҶСК «Ширкати
таъминоти сӯзишворӣ» дар шаҳри Кӯлоб ва базаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё