Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ЧСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ном гирифтанд.

Пешравӣ, рушди бонизом ва муваффақиятҳои кори ин соҳа низ ба солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра, аз соли 2007, вобаста ба талаботи давр ва муносибатҳои нави иқтисодӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тағйироти зиёди сохторию иқтисодӣ ба амал омад. Вобаста ба шароити нави муносибатҳои иқтисодӣ ва боло рафтани рақобат дар бозори хизматрасониҳои ҳавоӣ, тайи солҳои охир маҷмааи авиатсияи тоҷик ба чандин ширкатҳои фаъол таҷзия гардид. Рақобати дохилию берунӣ барои суръат бахшидан ба сатҳу сифат ва бозсозии пурраи ин сохторҳо мусоидат намуд. Дигар дар назди кормандони ин соҳаҳо, аз ҷумла, ширкати таъмини сӯзишворӣ вазифаҳои ҳалталабу ҷиддӣ ҷалби ҳарчи бештари ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ҳамкорӣ, иҷрои сифатноки хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини бехатарии мусофирон меистад.

Пӯшида нест, ки ширкат дар марҳилаи аввали ташкилёбии худ ба душвориҳои зиёди истеҳсолӣ, ташкилию хоҷагидорӣ рӯ ба рӯ гардид. Имрӯз бо талошу заҳматҳои роҳбари корхона Илҳомҷон Соҳибов ва аҳли кормандони ин даргоҳ тамоми ин мушкилиҳо

пешина
аз 275
навбатӣ