Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ва ба ин васила таъмин намудани бехатарии парвози ҳавопаймоҳо мебошад. Соли 2015 бо талошу заҳматҳои роҳбарияти корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд озмоишгоҳҳои нави замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки ба тамоми талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои ташхис аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон амсоли Россия, Олмон ва Ҷопон аз соли 2015- 2018 таъмин карда шуд.
Роҳбарияти корхона ба фаъолияти озмоишгоҳ диққати зарурӣ зоҳир намуда, тасмим гирифтааст, ки баъди ҳар панҷ сол таҷҳизоти нави муосир харидорӣ намоянд. Аз ин аст, ки соли 2023 бо супориши директори генералии корхонаи номбурда таҷҳизоти нав аз ширкати бонуфузи «Shanghai Shenkai Petroleum Instrument Co. Ltd» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ёздаҳ намуд таҷҳизот дастрас гардид.
Дар ҳудуди ширкат бинои маъмурини ҳозиразамон бо тамоми техникаю таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҳамаи кормандон бо либосҳои махсуси корӣ таъмин гардиданд. Барои ташхисгоҳ таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳати гузаронидани ташхиси дақиқ харида шуд, ки ин муайян кардани сифати сӯзишвориро хеле осон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё