Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
бартараф гардидаанд. Аслан, пешравии ҳар коргоҳ аз малакаву қобилияти роҳбар вобаста аст. Илҳомҷон ҳам тавонист бо кордониву заковати хеш фаъолияти корхонаро пеш барад. Дар корхона фазои меҳру ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Ҳавобаландию нифоқ барои роҳбарият ва кормандони корхона чизи бегона аст. Роҳбари корхона баробари диққати ҷиддӣ ба кор бо коргарон муомилаи дӯстона дорад ва ҳар замон бо онҳо шӯхӣ мекунад. Ва камина меандешидам, ки шояд ин бошад сирри муваффақияти корхонаи мазкур...
Воқеан, пешравиҳо дар корхона зиёданд. Дар баробари бунёди бинои маъмурӣ, таъмини босамари шароити кории кормандон ба вуҷуд оварда шудааст.
Пойгоҳи пуркуввати моддию техникии ширкат имрӯз ба тамоми талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.
Ташхисгоҳи корхона пурра бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои аз ташхис гузаронидани авиакеросин ва маводҳои сӯзишворию равғанҳои молиданӣ таъмин карда шудааст, ки ин ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад. Ширкати таъминоти сӯзишворӣ дорои 4 озмоишгоҳи ташхиси маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ (МСМ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар мебошад.
Вазифаи асосии озмоишгоҳҳо - ин ташхиси МСМ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё