Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
МУСОФИРОН БОЯД БО ХӮРОКИ
БЕЗАРАР ТАЪМИН ГАРДАНД
Мусофир бояд дар ҳавопаймо бо хӯроки гарм таъмин бошад. Воқеан, истеъмоли хӯроки болаззат ва дар айни замон, безарар барои мусофир шарт ва зарур аст. Аз ин рӯ, тайёр ва омода намудани хӯрок барои мусофирон дар нақлиёти ҳавоӣ кори саҳл набуда, масъулияти зиёдро тақозо мекунад. Дар Тоҷикистон ин масъулиятро Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Скай Кейтеринг» бар дӯш дорад. Ширкати мазкур барои мусофирони дохили ҳавопаймоҳо хӯрок омода ва дастрас менамояд.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Скай Кейтеринг» ягона ширкатест, баъди таҷдиди сохтор дар соҳаи ҳавопаймоӣ, аз моҳи январи соли 2010 ба ширкати саҳомӣ табдил ёфта, бо таъмири асосии бинои корхона ва насбу васли таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири таомпазӣ ҳамчун корхонаи хизматрасон дар соҳаи авиацияи гражданӣ ба таъмини хӯроки дохили ҳавопаймо ва дигар навъи хизматрасониҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст.
«Скай Кейтеринг» дар муддати кӯтоҳ намояндагиҳои худро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҷойҳои кории

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё