Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

доимӣ таъсис додааст. Ҳамчунин соли 2017 сохтмони бинои нави хизматрасонии авиатсионӣ, бо насби асбобу таҷҳизоти муосир барои омода намудани навъҳои гуногуни таъому хӯришҳо ба истифода дода шуд. Коргоҳи истеҳсолии бинои саридораи ширкат дар ҳудуди «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва филиалҳои он дар фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд ва Кӯлоб ба тамоми талаботу меъёрҳо ва стандартҳои муосири байналмилалию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Дар ҳамин замина, ҷиҳати ҳамкориҳои мустақим корхона бо ширкатҳои авиатсияи ватанӣ ва кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои зич дошта, бо ширкатҳои ҳавопаймоии ҶСК «Уральские авиалинии», ҶСК «Северний Ветер», ҶСК «ИКАР», «Аэрофлот», ҶСК «Авиакомпания Якутия», ҶСК «Ют Эйр» ва ғайраҳо шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ширкатҳои мазкур хатсайрҳои чартерии давлатҳои хориҷиро бо хӯроки дохили ҳавопаймо таъмин мекунанд.

ҶСП «Скай Кейтеринг» дорои иҷозатномаи Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати «ISO 9001:

пешина
аз 275
навбатӣ