Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ДИЛБАСТАИ КАСБИ ХЕШ
Ӯро дар соҳаи авиация ҳама мешиносанд. Мешиносанду эҳтиромаш мекунанд. Мешиносанд, ба он хотир, ки солҳост, ки дар соҳаи авиация фаъолияти босамару дораду софдилона заҳмат мекашад. Эҳтиромаш мекунанд, барои он ки инсони комил аст. Комил ба он маъно, ки тамоми хислатҳои хуби инсониро дар худ таҷассум кардааст.
Набизода Азиз АбдусамаД 24 - уми июни соли 1964 дар шаҳри Душанбе чашм ба олам боз намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1982 то 1984 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмати ҳарбиро адо намудааст. Сипас, ба Омӯзишгоҳи олии ҳавонавардии авиацияи граждании шаҳри Кировогради Украина дохил шуда, онро соли 1990 бо ихтисоси муҳандиси ҳаракати ҳавой ба итмом расондааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз муназзими аршади маркази идораномаи ҳавой оғоз гашта, муддати 11 сол дар хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавой фаъолият намудааст. Сипас, аз соли 2001- ум фаъолияти тахассусиаш дар Департаменти авиацияи гражданӣ идома ёфтааст. Аввал муовини сардори Раёсат, баъдан сардори Раёсат ва пасон то ба вазифаи сардори Сарраёсати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё