Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
авиатсияи гражданӣ расида, софдилона заҳмат кашид. Маҳз хизматҳои софдилонаву содиқонаи ӯро ба инобат гирифта, 9-уми феврали соли 2018, вақте ки бо дастгирӣ ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017, №596, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд, ӯро муовини директори ин ниҳод таъин намуданд.
Азиз Набизода аз оғози таъсиси агентӣ то ба имрӯз дар тӯли фаъолияти кории хеш барои соҳаи авиатсия заҳматҳои зиёде кашида, дар пешравии он нақши созанда дорад. Ӯро метавон шахсутуни соҳаи авиатсия номид. Шахсутун, яъне сутуни асосии соҳа, ки побарҷо истодааст ва кулли вазнинии иморатро бар дӯш дорад. Ва ин иғроқ ҳам нест, балки ҳақиқате аст, ки онро инкор карда намешавад. Зеро соҳаро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кардааст. Доимо серкор аст. Аз субҳ то шом ва баъзан то поси шаб дар утоқи корӣ асту ҳама вақт дар хизмати корфмоёну ҳамкорон аст. Нафаре барои маслиҳате омадаасту дигаре барои ҳалли ин ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё