Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

карда мешавад. Дар солҳои 60 - уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ баҳрабардории ҳавопаймоҳои Ли - 2, Ил - 14 ва баъдан Ил - 18 оғоз меёбад. Соли 1968 бошад, дар кишварамон баҳрабардории ҳавопаймои Ан - 24 дар фурудгоҳи Душанбе шурӯъ мешавад. Баъдан соли 1974 ҳавопаймои Ту - 134 меояд. Дар соли 1969 бошад, ба Душанбе ҳавопаймои Як - 40 меояд.

Ёддоштҳои яке аз собиқадорони соҳаи ҳавопаймоии кишвар Борис Елеев низ ҷолиби диққат аст: ба ман аввал пешниҳод карданд, ки дар Колхозобод кор кунам, ки он ҷо бояд фурудгоҳ кушода мешуд, вале баъдан маро соли 1960 ба Дӯстӣ фиристоданд, ки барои парвозу нишасти мунтазами ҳавопаймоҳо майдонро интихоб намоям. Шароит хеле душвор, на барқ буду на об ва аэровокзал як сарой ҳисоб меёфт, ки мову ҳавонавардон дар он зиндагӣ мекардем. Аз фурудгоҳи Дӯстӣ, ки яке аз фурудгоҳҳои ҷанубтарини хатҳои маҳаллии ҳавоӣ ҳисоб меёфт, бо ҳавопаймоҳо ба Душанбе шир, ба шимоли мамлакат меваю сабзавот ва Ленинград равғани геран фиристода мешуд.

Заминҷунбии Ҳоит дар соли 1949 барои ҳавонавардон имтиҳони ҷиддӣ буд, ки онҳо барои расонидани ҳамагуна маводи зарурӣ ва дорувориро таъмин мекарданд. Дар яке аз парвозҳо ҳавонавард Евгений Гуля дар

пешина
аз 275
навбатӣ