Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

мешавад.

Саҳми ҳавонавард Никифор Максимович Рибалко дар рушди ҳавопаймоии Тоҷикистон калон аст. Ӯ яке аз аввалин ҳавонавард - роҳбари фурудгоҳи Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) буд. Н. Рибалко ҳамчун ҳавонавард, соли 1944 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар шароити душвори кӯҳсор ба Артиши халқӣ - озодихоҳии Югославия аслиҳа ва доруворӣ расонидааст. Барои корнамоиҳояш бо 11 ордену медаЛ ва ордени Партизани халқии Югославия сарфароз гардида, пас аз ҷанг дар Тоҷикистон ҳавонавардиро идома додааст. Серафим Яковлевич Одегов низ дар ҷанг иштирок карда, баъдан дар Тоҷикистон ҳавонавардӣ намудааст. Ӯ соли 1944 бо ордени Байрақи сурх мукофотонида мешавад. Аз соли 1948 С. Одегов ба Тоҷикистон омада, дар фурудгоҳи Душанбе дар вазифаҳои танзимгари калон ва роҳбари парвозҳо кор мекунад.

Дар заминаи фурудгоҳи Хуҷанд, ки соли 1928 бунёд гардида буд, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ клуби ҳавопаймоӣ таъсис меёбад, ки дар он ҷо бисёр ҳавонавардону мутахассисони ҳавопаймоӣ тайёр карда шуданд. Соли 1945 парвози нахустини ҳавопаймои Ю - 52 дар самти Сталинобод - Ленинобод - Москва зимни нишаст дар Ҷусалӣ ва Пенза амалӣ

пешина
аз 275
навбатӣ