Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
1966 то соли 1998 дар Тоҷикистон дар ҳавопаймоҳои гуногун ҳавонавардӣ кардааст. Соли 1989 вакили халқ дар Шӯрои Олии ИҶШС ва вакили анҷумани бистуҳаштуми ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардида буд.
Истифодаи чархболҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба аҳамияти калон молик мебошад. Чархболҳо кӯмакрасони ҷӯяндагони сарватҳои зеризаминӣ, духтурону олимон, кӯҳнавардҳо ва бисёр касбу корҳои гуногун ҳастанд. Нахустин чархболи Ми-4 ба Душанбе соли 1963 омадааст. Аз фаъолияти ҳавонавардони чархболчӣ лаҳзаҳои аҷибро овардан мумкин аст. Соли 1967 командири чархбол И. Медов бори нахуст дар таърихи экспедитсияҳои кӯҳнавардӣ дар байни Душанбе ва пиряхи Беляев дар домани қуллаи Коммунизм пули ҳавоӣ ба вуҷуд оварда, чархболро дар майдончаи дар баландии чор ҳазору шашсад метр аз сатҳи баҳр фуруд овард ва қариб як тонна борро бурда расонд. Ба ин муносибат сарконструктори чархбол М. Мил барқия фиристода, бо ин дастоварди наҷиб табрик гуфт ва барои истифодаи чархбол дар чунин баландиҳо иҷозат дод. Солҳои 1969-1970 чархболчиёни Тоҷикистон дар баландии панҷ ҳазору сад метр аз сатҳи баҳр чархболро фуруд оварданд. Соли 1977

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё