Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ҳавонавард Игорь Иванов чархболро дар баландии шаш ҳазор метр шинонда, ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов академики физикаи ядроӣ Рем Хохловро, ки бо дастаи олимону кӯҳнавардҳо ба қуллаи Коммунизм баромада сахт бемор шуда буд, гирифта овард.
Ба соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ дар давраҳои гуногун бисёр шахсони кордону соҳибихтисос роҳбарӣ карда, дар рушди он саҳми сазовор гузоштаанд. Аз оғози ташаккулёбии соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ В. Бородаченко, Н. П. Коган, А. С. Смирнов, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ М. Д. Алёшин, В. И. Скориков, А. Е. Вернигород, дар солҳои баъдиҷангӣ Ф. Н. Гвоздёв, П. Д. Здоренко, дар солҳои 60 - 70 А. М. Лейбенко, Ю. Н. Кузминов, баъдан В. В. Рязанов, Ю. И. Кореневский, дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон М. А. Мастонгулов, М. Мирзоолимов, М. А. Анваров, Ҳ. Т. Тиллоев, А. Маҳмадалиев, С. Исоқов, Ф. Ҳ. Ҳамроев ба соҳаи ҳавопаймоии кишвар роҳбарӣ карданд. Бо номи ҳар яке аз онҳо саҳифаҳои таърихии рушди ҳавопаймоии мамлакат алоқаманд аст.
Дар бораи деҳқонписари зодаи Ховалинг Мирзо Мастонгулов, ки аз ҳавонавардони номдори на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ буд, сухан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё