Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

МЕВАИ ШАҲДРЕЗИ ИСТИҚЛОЛ

Фурудгоҳро дарвоза ва оина, муаррификунандаи тамаддун ва фарҳанги кишвар мегӯянд. Зеро ҳар касе агар боре ба кишвари мо тавассути ҳавопаймо ташриф орад, қадами аввал ва таассуроти нахустини ӯ маҳз аз фурудгоҳ оғоз меёбад. Фурудгоҳи Душанбе, ки дар пойтахти азизамон бунёд ёфтааст, бешак оинаи кишварамон мебошад. Дар замони муосир бунёди фурудгоҳҳои ҳозиразамон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои фурудгоҳ ва фарҳанги муоширати ҳайати хизматрасон, инчунин таъмини бехатарии ҳавопаймоҳову мусофирон яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳкими имконияти коммуникатсионӣ, баёнгари сатҳи инкишоф, обрӯю эътибори ҳар кишвар ба шумор меравад.

Аз саҳифаҳои таърих...

Сохторҳои авиасияи граждании Тоҷикистон солҳои пеш дар як сохтор муттаҳид буданд. Дар аввал Раёсати тоҷикистонии авиасияи гражданӣ - «Аэрофлот», баъдтар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон», ки баъд он ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» табдили ном кард.

пешина
аз 275
навбатӣ