Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2008, (№ 491) «Дар бораи аз нав ташкилдиҳии КВДҲ «Тоҷик Эйр» - корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъсис ёфта, ҳамчун субъекти мустақил аз моҳи феврали соли 2009 ба фаъолият шурӯъ кард.
КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бошад, дар асоси банди 6 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 таҳти рақами № 707, 17 декабри соли 2010 ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» табдил дода шуд.
Агар ба гузашта назар намоем, дар ибтидо аз фурудгоҳи Душанбе дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва самти шаҳрҳои Россия парвозҳо амалӣ мешуданд. Яъне, агар 20 соли пешро ба ёд орем, аз радиои фурудгоҳ номи шаҳрҳои Теҳрон, Истамбул, Қарочӣ, Урумчӣ, Деҳлӣ, Франкфурт ва Мюнхенро намешунидем, зеро аз фурудгоҳи Душанбе имкони парвоз ба кишварҳои хориҷа мавҷуд набуд.
Хурсандиовар аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» васати муассисаҳои авиатсионии кишвар мақоми пешбарро соҳиб буда, дар рушду пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё