Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Аз соли 2016 вазифаи Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро Исматулло Абдуллозода ба уҳда дорад. Дар даврони Истиқлоли кишвар ва хусусан, дар давоми 10 соли охир бо ташаббуси роҳбарият симои фурудгоҳи Душанбе ба куллӣ тағйир ёфтааст. Корҳои ободонӣ, рушду такмилии инфрасохтор, афзоиши иқтидори истеҳсолии он ва як қатор корҳои муҳим ба сомон расонида шуданд. Ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани фаъолияти ин муассисаи авиатсионӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ дар фурудгоҳ чораҳои самарабахш андешида мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки фурудгоҳ маҷмааи хеле мураккаб аст, ки хадамоти он амнияти авиатсиониро таъмин намуда, барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймо, мусофирон, бор ва бағоҷи онҳо муташаккилона ва якҷоя амал менамояд. Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ, амнияти авиатсионӣ, хизматрасонии рӯизаминӣ, муҳандисӣ-авиатсионӣ ва дигар шӯъбаҳо амал менамоянд, ки дар маҷмӯъ сохторҳои таркибии фурудгоҳро ташкил мекунанд.

Фурудгоҳи Душанбе дар солҳои Истиқлоли кишвар воқеан ба дарвозаи асосии кишвар табдил ёфт. Имрӯз

пешина
аз 275
навбатӣ