Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ТОЛОРИ МЕҲМОНОН
ЗЕБИ ФУРУДГОҲ АСТ

Бунёди толори нав дар фурудгоҳ эҳдои беҳтарине барои мизоҷон дар арафаи ҷашни 27 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин давра толори нави Намояндагони расмии ҷавобгӯ ба тамоми талаботи замон сохта ба истифода дода шуд. Толори мазкур барои хизматрасонии боз ҳам беҳтар ба ҳайатҳои меҳмонҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Дар асоси нақшаи истеҳсолии фурудгоҳ, бо мақсади дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани хати сунъии парвозу нишаст соли 2021 таъмири хати магистралии фурудгоҳ ва роҳравҳои зимомӣ амалӣ гаштанд. Тибқи тасмими роҳбарияти фурудгоҳ сохтмони хати дуюми сунъии парвозу фурудгоҳ, рушди инфрасохтори назди фурудгоҳ (сохтмони меҳмонхонаи фурудгоҳ ва маҷмааи тавақкуфгоҳи автомобилии 3 ошёнаи пӯшида) низ дар назар аст. Бунёди хати дуюми сунъии парвозу фурудгоҳ иқтидори хизматрасонии фурудгоҳи Душанберо ба маротиб зиёд намуда, барои тақвияти бештари ҳаҷми мусофирбарӣ, вусъат ёфтани ҷараёни интиқоли бор ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав бо ҷалби ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ мусоидат мекунад.

пешина
аз 275
навбатӣ