Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Хизмати босифат ба мусофир - дар мадди аввал
Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон дар сарҳати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор гирифтааст. Зеро аз сатҳу сифати хизматрасониҳо мақому мартабаи фурудгоҳ ва имиджи байналмилалии он сахт вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад толорҳои умумӣ, толори тиҷоратии Терминали 2, майдони назди аэровокзал пурра таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ сохта шуданд. Бинои аэровокзал бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон (рапискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, кондитсионерҳо ва ғайра) муҷаҳҳаз гардида, дар бинои Терминали 2 ошхонаи нави замонавӣ ва дар терминалҳои 1 ва 2 толорҳои СИП ба истифода дода шуданд. Толорҳо инчунин бо шабакаи интернетии бесими WI-FI таъмин гардидаанд, ки ба мусофирону меҳмонони пойтахт ҷиҳати дастрасии ройгон ба маълумоти зарурӣ имкон медиҳад.
Дар фурудгоҳ барои хизматрасонӣ ба мусофирон технологияи муосири хариди билетҳои электронӣ, технологияҳои нави бақайдгирии билетҳо ва бору бағоҷи мусофирон, инчунин таҷҳизоти нави пардохти ғайринақдии арзиши билетҳо ва хизматрасониҳо ҷорӣ карда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё