Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

дар Рӯзи Рӯдакӣ (22-юми сентябр) ҳамоишҳои судманди илмӣ доир менамуд, ки дар онҳо ба ҷуз муҳаққиқони тоҷик донишмандони варзида аз кишварҳои хориҷӣ низ ширкат меварзиданд. Қобили зикр аст, ки яке аз ташаббускорони асосии таъсиси Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон низ устоди закитабъ ва Бунёди байналмилалии Рӯдакӣ мебошанд.

Профессор Расул Ҳодизода ҳамзамон бо кори илмӣ асарҳои зиёди бадеӣ ҳам таълиф намудааст ва китобҳои «Танбӯри дилкаш», «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», қиссаҳои «Сапедадам», «Парвози Шоҳин», «Мансури Ҳаллоҷ», драмаҳои «Бахт дар чист?», «Маздак» кӯшиши босамаре баҳри дар қолаби бадеӣ рӯшан намудани чеҳраҳои бузурги таърихии миллат мебошанд. Бо эҷоди асарҳои калонҳаҷми бадеӣ - роман-дилогияи «Ситорае дар тирашаб» (1983) ва «На ситораҳо мерезанд» (1991) дар рушду такомули насри таърихии тоҷик хизмати шоиста намуд. Соли 2006 китоби дигари ӯ «Худоё, худро бишносам» чоп шуд, ки ба гумонам, беҳтарин намунаи нигориши хотирот дар адабиёти муосири тоҷик мебошад. Нафароне ки ёддошту хотира менависанд, масъулияти азими амонатдориро бояд ба уҳда бигиранд ва хушбахтона, устоди арҷманди мо дар ин китоб на фақат дидавӯ санҷидаҳояшро ба риштаи таҳрир кашидааст, балки «ман»-и ӯ василаест, ки нуқтаи инъикоси воқеаву ҳодисаҳои ҷолиб ва ашхоси мухталифро пеши чашми хонанда муҷассам месозад. Хонанда ба хубӣ мушоҳида мекунад, ки дар гирдоби ҳаводиси ҷомеа ва дар муомила бо афроди ҷомеа «ман»-и муаллиф чӣ такомулу табаддулот ва таҳаввулотро аз сар гузаронидааст. Аз ҳар сатри ҳашт фасли китоб овои муҳаббату ҳамдилӣ, самимияту қадршиносӣ ба гӯш мерасад ва ҳар касе, ки онро барои мутолиа ба даст гирифт, беихтиёр ба олами хотироти рангини муаллиф ғӯтавар мегардад. Муаллиф

пешина
аз 315
навбатӣ