Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
10 нафар рисолаи номзадӣ ва 6 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Дар айни ҳол дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Афғонистону Эрон, Русияву Чин шогирдони зиёде ба мактаби бузурги илмии устод Расул Ҳодизода пайравӣ намуда, онро бомуваффақият идома медиҳанд ва ин нишонаи эътирофи шахсияти илмии ӯ мебошад.
Дар китоби «Худоё, худро бишносам» Расул Ҳодизода лаҳзаеро аз рӯзгори ибратбахши Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода зикр мекунад, ки басо омӯзанда аст. Шоири шинохтаи тоҷик ҳар гоҳ ба Маскав мерафт, чун фурсат ёфт, ҳатман ба нашриётҳои марказӣ рафта, аз вазъи табъу нашри осори классикон ва адибони муосири тоҷик пурсон мешуд ва баҳри зуд ва бо сифати баланд чоп шудани онҳо супоришҳо медод.
Нигорандаи ин сатрҳо соли 2006 бо тавсияи донишманди арҷманд Р.Ҳодизода ва дар мувофиқа бо нашриёти «Ирфон» тарҷумаи рисолаи муҳаққиқи шинохта И.С.Брагинский «Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ»-ро ба ӯҳда гирифтам. Шогирди дигараш номзади илми филология М. Муҳаммадӣ тамоми асару мақолаҳои устод Айниро роҷеъ ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як китоб гирд овардааст. Рӯзе ба устод хабар додам, ки тарҷумаро тамом кардам ва ҳуруфчинии компютериаш ҳам ба анҷом расид. Дар ҷавоб гуфт, ки фардо соати даҳи пагоҳӣ ба назди нашриёт равед, ман ҳам расида меоям. Рӯзи дигар дар вақти таъйиншуда ҳозир шудам, вале ӯ андаке барвақттар омада, дар назди мағозаи «Китоб» маро мунтазир меистод. Ин аст намунаи баланди қадршиносӣ ва наҷобату одамияти устод, ки дар синни ҳаштодсолагӣ ҳам ба хотири чоп шудани кори шогирдонаш дари нашриётҳоро мекуфт.
Устод Расул Ҳодизода ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор ба кӯмаки ҳамкорому шогирдон мешитофт ва ин корро бо нияти холис, ба хотири рушди илму адабиёти тоҷик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё