Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
анҷом медод. Донишманди варзидаи бахши робитаҳои адабӣ Валӣ Самад боре аз ҳамин гуна ҷавонмардиҳои устод ёдовар шуда гуфт: - Моҳи марти соли 1976 ҳимояи рисолаи номзадии инҷониб дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии робитаи адабии халқҳои тоҷику озарӣ дар садаи XIX» дар Шӯрои илмии якҷояи шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АУ Тоҷикистон басо хуб идома дошт ва ба саволҳои зиёди аъзои шӯро ҷавобҳои қаноатбахш додам. Вале ғайричашмдошти ман нафаре аз ҷой боло шуду пурсид, ки чаро муаллифи рисолаи ҳимояшаванда аз суффикси насабсози русии «ов» даст кашида, ба ҷои «Валӣ Самадов» танҳо «Валӣ Самад» навиштааст?
Бидуни шак, дар он замон ба сурати ошкор даст кашидан аз суффикси насабсози русӣ як навъи ҷурми сиёсӣ маҳсуб мешуд ва барои ин кор муҷозот ҳам муқаррар менамуданд. Дар ин лаҳзаҳо гӯё ба сарам як сатил оби хунук рехта буданду дасту поям якбора карахт шуду лаҳзае мутаҳаййир монда будам, ки ба ин суол чӣ ҷавобе бидиҳам. Дар ҳамин лаҳзаи душвори бароям сарнавиштсоз профессор Расул Ҳодизода иҷозаи сухан пурсида гуфтанд: - Ин кор бо тавсияи ман сурат гирифтааст. Азбаски дар шӯъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ се нафар бо насаби «Самадов» кор мекунанд, ман ба Валиҷон фармудам, ки ному насабашро ба шакли «Валӣ Самад» тағйир диҳад.
Ҳамин тавр, унвонҷӯи ҷавон Валӣ Самад маҳз бо дастгирии ҷавонмардонаи Расул Ҳодизода аз вазъияти мушкил раҳоӣ ёфт ва аз 36 нафар аъзои шӯро 34 нафараш ба ҷонибдории ӯ овоз доданд. Дар асл барои ному насаби тоҷикӣ гирифтани унвонҷӯ устод ягон нақше надошт, вале ӯ туфайли обрӯву эътибори хоссаи худ дар байни аъзои шӯро тавонист муҳаққиқи тозавориди майдони илмро ҳимоят кунад ва ин гуна некиву шуҷоатро танҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё