Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Расул Ҳодизода барин инсони хайрхоҳу дарёдил метавонист ба сомон бирасонад.

Устод Ҳодизода инсони бағоят хушзавку маданӣ буд. Дар айёми унвонҷӯӣ ҳамеша таъкид мекард, ки пешакӣ занг зада, баъди мувофиқа ба манзилаш биравам. Дар он айём аз ростӣ аз салобати устод шарм медоштам, ки пешакӣ барояш занг бизанам ва ҳамеша бидуни огоҳӣ ба манзилаш мерафтам. Вале ӯ ҳамеша бо чеҳраи кушод ва лутфу муҳаббати ба худ хос дари дилу манзилашро бароям кушода мегуфт: - Боз ҳам пешакӣ занг назадед, ки меоям, вагарна ҳамроҳи янгамулло ягон хӯроки дилкаш омода мекардем.

Ва мо чун андаке машғули сӯҳбат мешудем, янгамулло ҳам баъди чанд лаҳза бо чойники чой ва табақи хӯрок ҳозир мешуд. Устод дар лаҳзаҳои фарогат баъзан машқи шеър ҳам мекард ва боре зимни сӯҳбат аз дафтари ашқораш шеъри ошиқонаеро қироат карда, назари маро пурсид. Гуфтам: - Устод, Шумо ҳам дар айёми ҷавонӣ ошиқ шуда, шеърҳои пурэҳсоси ишқӣ мегуфтаед.

Вале ғайричашмдошти ман устод бо хушҳолӣ афзуд: - Ин шеъри давраи ҷавонӣ нест, онро моҳе пеш гуфта будам. Дар конфронси илмии Машҳад хонуми зебо ва ба қавли эрониҳо, «қашанге» дар минбар менишаст ва мафтуни чашму абрӯвони зебояш шудаму беихтиёр ин сатрҳо дар рӯи саҳфа пайдо шуданд.

Солҳои пеш расми нонавиштае буд, ки баъди ҳимояи рисола унвонҷӯ барои аъзои шӯрои ҳимоя зиёфат медод. Соли 1999 пас аз ҳимояи рисола дар ошхонаи паҳлӯи Вазорати маориф хони зиёфат оростему бо иддае аз дӯстон дар масъалаи интихоби барандаи маҳфил андаке ба андеша афтодем. Чун ин масъаларо ба раиси шӯро, донишманди закитаъб Абдуқодир Маниёзов дар миён гузоштем, дар ҷавоб гуфт: - Шумо дар ин масъала

пешина
аз 315
навбатӣ