Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нопайдоканори шеъру адаби дарӣ чун ғаввоси моҳир дурри шахвор берун мекашид ва манзури назари ворисони ин мероси ҷаҳонӣ мегузошт. Вай дар баробари эҷоди мақолаҳои интиқодию адабиётшиносӣ бо тарҷума ва эҷоди асарҳои насриву драмавӣ низ машғул шудааст. Шояд таваҷҷуҳи вай ба таърихи адаб заминае буд барои соҳаи нави фаъолияташ — нависандагӣ. Барои то ба ин поя расидан олим ҷодаву роҳҳои дарози пурзаҳматро тай намудааст. Муҳаққиқ доир ба таърихи адабиёт, муносибатҳои адабӣ, масъалаҳои инкишофи адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX ва масоили эҷоди ҷавонон тадқиқоти муфидеро ба анҷом расонд. Ин ҳама ҷустуҷӯҳои илмӣ барои муайян кардани сабки эҷодӣ ва хоса навиштани асарҳои бадеӣ ба ӯ кӯмак кард ва заминае гардид барои эҷоди асарҳои бузургтари бадеии таърихӣ.

Расул Ҳодизода бо эҷоди қиссаҳои таърихӣ аз ҳаёту фаъолияти адибони оламшумули мардуми тоҷик аз қабили Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Шоҳин, Кароматуллоҳи Дилкаш, Аҳмади Дониш дар илму адаби тоҷик чун нависандаи таърихнигор мавқеи мустаҳкаме касб кард.

Вақте ки дар атрофи намунаи асарҳои бадеии таърихии адиб меандешем, қабл аз ҳама навиштаҳои ӯ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», «Қасидаи доғгоҳ», «Парвози Шоҳин» ва қиссаҳои «Сапедадам», «Ишқи духтари Рум» пеши назар меоянд. Дар ин маврид сухан аз ҷустуҷӯҳои дар тӯли беш аз бист сол анҷомдодаи адиб меравад.

Дар маркази қиссаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» сарнавишти қасидаи ҳамноми Рӯдакӣ қарор дорад. Маълум аст, ки ин қасидаро устод Рӯдакӣ ҳангоми сафари амири Сомонӣ ба Бодгис (ё Ҳирот) эҷод карда буд. Нависанда ба асли ривоят, ки Низомии Арузии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» овардааст, такя карда, амалу кирдори қаҳрамононро дар партави воқеияти таърих арзёбӣ мекунад. Тахайюли бадеӣ ба адиб имкон

пешина
аз 315
навбатӣ