Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Марги ин фарзонамард дар дили аҳли илму адаб андӯҳи гаронеро барҷой гузошт. Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:
Хушо онон, ки дар ин саҳнаи хок,
Чу хуршеде дурахшидану рафтанд.

Устод Ҳодизода амсоли донишмандони накӯному зиндаёд Шарифҷон Ҳусейзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Раҷаб Амонов ба маънии воқеиаш хуршеди олами адаб буд ва туфайли осори мондагори илмию адабиаш номи ҷовидона хоҳад ёфт. Умедвори он рӯзе ҳастем, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар гиромидошти хотираи эшон, таҳия ва нашри осори бозмондаи илмию адабиашон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Ба исми ин фарзонамард гузоштани номи муассисаи таълимӣ ва кӯчае дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе айни савобу қадршиносӣ дар ҳаққи аҳли илму адаб хоҳад буд.

Ҷумъа ҲАМРОЕВ
(Самарқанд)

ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ САМАРҚАНД

Расул Ҳодизода ба адабиёти тоҷик чун олими адабиётшинос, муҳаққиқи нуктасанҷ қадам гузошт. Ҳар гоҳ, ки сухан аз таърихи адабиёти тоҷик равад, дар радифи даҳҳо муҳаққиқ номи ӯ низ ба забон меояд, тадқиқоти доманадораш доир ба масъалаҳои муҳимму мубрами адабиёти гузаштаву имрӯза пеши назар меояд. Аввалин мақолаи Р. Ҳодизода оид ба эҷодиёти Айнӣ ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри ХХ ба чоп расида буд. Аз он дам то вопасин рӯзҳои зиндагии ибратангезаш Р. Ҳодизода пайваста заҳмат кашида, аз баҳри

пешина
аз 315
навбатӣ