Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

додааст, ки намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеаро ба саҳнаи тасвир кашад ва моҳияти амалу кирдори онҳоро ошкор созад.

Рӯдакии шоир чеҳраи асосии қисса аст, муҳити танги сафари бемақсад ӯро дилгир сохтааст. Азоби алими табақаҳои мухталифи мусофирон, пирому ҷавонон, занону кӯдакон ва ниҳоят муҳаббати ӯ ба Ватан шоирро ба ҳарфи пурдард гуфтан вомедорад. Сухан кореро мекунад, ки дигар ҳеҷ воситаи дигар анҷом дода наметавонад. Ин ҷо адиб қабл аз он, ки моҳияти воқеаҳои сиёсиро ошкор созад, мақоми сухан ва аҳли онро воло мешиносад. Дар тасвири ӯ Рӯдакӣ танҳо шоири қасидасаро нест, балки Рӯдакии шоир зина ба зина дигар мешавад. Акнун симои муташаккили шоири сиёсатшиноси покандеш рӯйи кор меояд. Дар масири таърих чеҳраи шоире намоён мешавад, ки барои истеҳкоми давлати ягона ва мутамаркази тоҷикон талош дорад. Аз ин ҷост, ки Рӯдакӣ солҳои зиёд дар рикоби амирони сомонӣ – суханро ба кор гирифт ва ниҳоят ҳукуматдоронро қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ба риққат овард, эҳсоси ватанхоҳии ӯро барангехт. Ин ҳама равиши таърихӣ хатти сюжетро собит месозад.

Нависанда бо мақсади барҷаста тасвир кардани аҳволи пурфоҷиаи мардуми одӣ аз воситаҳои гуногуни тасвир истифода мекунад. Тасвири ҳолати ботинӣ ва падид овардани рӯҳияи онҳо аз чунин усули серистифодаи тасвири адиб аст. Мувозӣ бо авзои рӯҳии қаҳрамонон ба тасвир кашидани манзараҳои табиат низ дар ошкор сохтани кирдори персонажҳо кӯмак кардааст. Ин ҳама чунин мулоҳизаи воқеъбинонаи донишманди адабиёт Муҳаммадҷон Шукуровро дар хусуси он ки нависанда бештар ба ҳиссиёту ҳаяҷон ба фикру андешаҳои қаҳрамони таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, тасдиқ менамояд. Чунин усули нигориш нависандаро

пешина
аз 315
навбатӣ