Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

водоштааст, ки аз таъкид ва тасвири баъзе ҷузъиёти ҳаёти қаҳрамонон ва воқеияти мавриди тасвир сарфи назар намояд.

Қиссаи дигари таърихии Расул Ҳодизода «Қасидаи доггоҳ» низ бар асоси ривояте эҷод шудааст. Низомии Арузӣ ин ривоятро дар «Чаҳор мақола» нақл карда ва ба бунёди воқеии он то ба имрӯз касе аз аҳли тадқиқ шубҳа накардааст.

Расул Ҳодизода ривоятеро, ки Низомии Арузӣ нақл кардааст, айнан наовардааст, балки дар асоси он фикру ақидаи худро низ баён кардааст. Нависанда чанд манзараи ҳаёти асри XI - ро ба тасвир кашида, дар хусуси зиндагии он замон, дар бобати тақдири Фаррухӣ, дар атрофи масъалаи «Шоир ва воқеияти феодалӣ» андеша рондааст. Назари ӯ аз андешаи Низомии Арузӣ фарқ дорад. Р. Ҳодизода аз мавқеи ғоявию сиёсие, ки дорад, ба воқеияти таърих, ба сарнавишти иҷтимоии шоир баҳо медиҳад. Фоҷиаи зиндагии Фаррухӣ чун фоҷиаи ҳаёти иҷтимоӣ ба назар меояд.

Нақди адабии «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ва «Қасидаи доггоҳ»-ро «якумин қадамҳо»-и Расул Ҳодизода дар роҳи нерӯсанчӣ дар эҷоди «жанри таърихӣ» дониста ва «навкорӣ»-ро дар асарҳои ӯ таъкид карда буд.

Ба назар чунин мерасад, ки бо таълифи повести «Сапедадам» ва қиссаи «Парвози Шоҳин» нависанда қадам ба зинаи тозаи эҷод гузошт. Дар вақташ нақди адабӣ ҳам ин пешравиро мушоҳида карда, гуфта буд, ки эҷоди ин асарҳо дар фаъолияти нависандагии Р. Ҳодизода аз ду ҷиҳат характернок аст. Ҷиҳати аввал он аст, ки Расул Ҳодизода дар ҳикояҳои таърихиаш барои кушодани характер, нишон додани ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои фалсафию иҷтимоии қаҳрамонон як давраи муайянро интихоб менамояд, ки дар тақдири қаҳрамон нақши муҳим бозидааст. Сониян, қаҳрамон дар маркази

пешина
аз 315
навбатӣ