Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
воқеаҳои пурталотуми сиёсии давр, задухӯрди пуршиддати қувваҳои иҷтимоии ҷамъият гузошта мешавад. Бинобар ин дар асарҳои мазкур тасвири манзараҳои конкрети ҳаёт, ҷузъиёти психологӣ ва реалистиро муайян кардааст. Зеро, дар ин асарҳо усули таҳқиқи бадеӣ ба тасвири психологӣ марбут аст.
Мо медонем, ки Р. Ҳодизода то ба таҳқиқи бадеии воқеияти ҳаёти сиёсии нимаи дувуми асри XIX, хоса сарнавишти Аҳмади Дониш даст задан дар ин бобат ҷустуҷӯҳои амиқи илмиро ба субут расонд. Дар ин замина ба маврид аст, ки мақолаву рисолаҳои ӯ «Баъзе масъалаҳои омӯзишу таърихи адабиёти нимаи дувуми асри XIX» (1959), «Сарчашмаҳо доир ба омӯзиши таърихи адабиёти нимаи дувуми асри XIX-и тоҷик» (1954), «Аҳмади Дониш» (1967), «Шоҳин» (1974) ва «Дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик» (1979) заминае буданд, барои таҳқиқи бадеии мавзӯоти таърихӣ, минҷумла саргузашти Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва муҳити иҷтимоии зиндагии онҳо.
Повести «Сапедадам» ва қиссаи «Парвози Шоҳин» вусъати эпикиро дар эҷодиёти нависанда густариш дод.
Дар повести «Сапедадам» ва қиссаи «Парвози Шоҳин» нависанда ба падид овардани ҷаҳонбинӣ ва кирдори қаҳрамонон бештар таваҷҷуҳ кардааст. Дар ин равиш роҳҳо ва заминаҳои инкишофи тадриҷии шуури иҷтимоии Шоҳин ва Аҳмади Дониш ба ҳам монанданд. Шоҳин чун Аҳмади Дониш муҳит ва сохти иҷтимоиро сабаби асосии бадбахтиҳо медонист. Вале баъдтар пай бурд, ки «об аз сар лой будааст», яъне низомро бояд дигар кард. Фоҷиаҳои зиндагии шахсии Шоҳин низ ба фасодкориҳои муҳити иҷтимоӣ сахт алоқаманд аст. Шоҳини «ҳассос, дӯстдори ҷавонӣ ва оила» (Ҳ. Мирзозода) қурбони ҷаҳолати ҳуккоми замон гардид, ки Аҳмади Дониш ҳукми хешро дар ин боб содир карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё