Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Тадқиқи бадеии Р. Ҳодизода дар мавзӯи таърих, хоса замони зиндагии Аҳмади Дониш амиқтар гашта, ниҳоят дар соли 1971 ӯ филмномаи «Ситорае дар тирашаб»-ро навишт, ки миёни дӯстдорони синамо маҳбубияти хос пайдо кард. Баъдтар ӯ дар ин мавзӯъ романи «Ситорае дар тирашаб»-ро (1983) эҷод кард, ки ҳамосаи сарнавишти пурфоҷиа, вале пурифтихори фарзанди намакҳалоли халқ - Аҳмади Дониш буд. Дар ин асар Аҳмади Дониш чун шахсияте, ки мехоҳад маҷрои таърихро бо нерӯи ақл ва фаросат дигар кунад, ба қалам омадааст.

Дар фавқ ишора шуд, ки Р. Ҳодизода қаблан чун муҳаққиқи адабӣ ба арсаи адабиёт қадам гузошт. Дар баробари пажӯҳишҳои илмӣ, ки қисмеро ном бурдем, вай ба нашри мероси гузаштагон ҷиддан машғул гардида, порчаҳо аз «Наводир ул - вақоеъ»-и Аҳмади Дониш (1957), «Осори баргузида»-и Аҳмади Дониш (1983) нашрҳои такрорӣ ва гуногуни ашъори Рӯдакӣ, баъзе намунаҳои осори Ҷалолуддини Балхӣ ва бисёр дигаронро ба чоп расонид. Дар нашри матни интиқодии осори бузургони тоҷик саҳм гирифт.

Ӯ дар тарҷумаи осори бадеӣ ҳам хидмати арзанда кардааст. Тарҷумаи «Арафа», «Хотираҳои шикорчӣ»-и И. Тургенев, «Охири рӯзи маҳкум»-и В. Гюго ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Расул Ҳодизода чун олими адабиётшинос дар байни аҳли илм мақоми хос дорад. Солиёни зиёд аст, ки мо ӯро чун муҳаққиқи дақиқназари таърихи адабиёт мешиносем. Ӯ нахуст дар боби «Сарчашмаҳои таърихи адабиёти нимаи дуввуми асри XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва сонитар дар мавзӯи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик» рисолаи докторӣ ҳимоя кард.

Касе, ки Ҳодизодаро мешиносад ва ё ақаллан боре дар сӯҳбати ӯ будааст, зуд пай мебарад, ки вай чӣ гуна

пешина
аз 315
навбатӣ