Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
соҳибэътибори Маскав шӯҳрат дорад, саҳми ин адабиётшиноси бузургро дар муаррифии осори классикии форсу тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ошкор месозад.
Ба ростӣ, вақте ба ин корномаҳои эҷодии устод мурур мекунам, ёдам меояд, ки мо шогирдон ҳамеша шеваи корбарӣ ва таҳқиқу омӯзиш ва муносибат ба кору фаъолиятро дар амалу пайкорҳои устод бо беҳтарин ваҷҳ ба мушоҳида гирифта, ҳамеша орзу мекардем, ки ҳадди ақал фоизи андаки чунин фаъолияти густарда ба мо ҳам насиб гардад. Ба ин хотир, агар имрӯз ба мақомҳои муайяне дар ростои илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ расидаем, ман маҷмӯи муваффақиятҳоро файзи фазилатҳои устоди равоншод медонам ва аз ин саодати шогирдӣ ифтихор дорам.
Албатта, дар мавриди фаъолиятҳои эҷодии устод, пажӯҳишу таълифҳои эшон зиёда метавон ҳарф зад ва ҳатто нигоштаҳои адабиву публитсистиашон, ки бо номҳои «Самарқанднома», «Худоё, худро бишносам» рӯи чоп омада, пораҳои зиндагонии ибратангези устодро фаро мегиранд, соатҳо аз диди мақоми адабиву ахлоқиашон таҳлил намуд, вале ин кори фурсатҳои дигар аст ва умедворам, ки ин ҷанбаҳои густардаи фаъолияти устод бештару пештар ба риштаи тадқиқ гирифта шуда, заҳматҳои шоистаашон дар қаламрави адабиёт ва адабпажӯҳии тоҷик бо диди дигаргуна мушаххас хоҳанд гардид. Аммо мехоҳам аз чанд фазилати неки инсониву фардии он кас ёдоварии кунам, ки ҳамеша баъди реҳлаташон аз ин ҷаҳони омадшуд дар оинайи хотиротам ба мисли тавсири зебои ҳамешагӣ ҷой гирифта, хаёламро пайваста ба дунёи рангини рӯзҳои ҳамсӯҳбативу ҳамнишинӣ бо устод мебаранд.
Ҳар бор, ки ба Душанбе сафар мекардам, албатта муддате меҳмони устоди азизам мегаштам, чун медонистам, ки эшон падарвор аз зиёрати мо шогирдон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё