Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
хушнуд мегарданд. Устод воқеан аз ҳузури мо меболиданд ва аз авҷи саодатмандии худ гоҳо касеро намегузоштанд, ки барои таҳияи хӯрок машғул шаванд ва пайваста мегуфтанд, ки ман барои шогирдонам худам ғизо омода мекунам. Ҳамчунин, аз навиштаҳои охирини худ порчаҳо қироат намуда, нукоти заруриашро тавзеҳ медоданд. Ҳамин фазилати шоиста то поёни умри устод идома дошт ва ҳатто охирин сӯҳбатамон ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки пораҳоеро аз китоби ёддоштҳояшон қироат намуда, маҳзун-маҳзун ашк мерехтанд. Сӯҳбатҳои гуворову ҷонпарвар, хирадмандӣ, маданияти баланди рафтору гуфтор, зебопарастӣ, шаҳомату бузургӣ, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, сахтгириву серталабӣ ва садоқатмандии беназири устод ҳамеша рукни омӯзандаву ормонии мо шогирдон буд. Имрӯз ҳам мо талош дорем, ки ин дарсҳои сабақомӯзандаро дар корномаи зиндагонии худ таҷалливу таҷассум бахшида ба шогирдони худ омӯзонем ва бад-ин васила мероси маънавии устоди арҷмандро ҳифозат намоем.
Рӯзгоре, ки устоди арҷманд ба шаҳри Хуҷанд меҳмон мешуданд, эҳсос мекардам, ки ба шаҳри азизи мо нури маънавият мерехт. Сӯҳбатҳои устод бо устодону донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ ҳамеша пур аз шӯру завқ ва дар рӯҳияи баланди адабиву илмӣ ҷараён гирифта, дергоҳ дар хотири ҳамагон нақш мебаст. Ёдам меояд, ки вақте соли 2003 дар донишгоҳи мо 75-солагии устоди арҷманд таҷлил гардид ва китоби муътабари эшон «Ҷалолуддини Румӣ» бо эҳтимоми собиқ ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимов ба ифтихори ин ҷашн рӯи чоп омад, шодмониашонро ҳадду канор набуд. Он ҷо ҳам дар мулоқоту сӯҳбатҳо аз ҳикмату ирфону фалсафа сухан мерафт, ки ҳам устодону ҳам донишҷӯён барои хеш сабақҳои омӯзандаву раҳнамоянда гирифтанд. Пушти ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё