Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
варзишкорон дар Ғарб маъмулан хотироти рӯзона ва ҷолиби худро менависанд ва дар давраи бознишастагӣ онҳоро ба шакли китоб нашр мекунанд. Адибон ва донишмандони тоҷик низ дар замони шӯравӣ бо илҳом аз адибони рус хотирот ва ёддоштҳои худро нашр кардаанд. Ёддоштҳои устод Айнӣ яке аз ҳамин шоҳкорҳои хотиранигорию ёддоштнигорӣ дар адабиёти тоҷик аст. Аз Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар низ ёддоштҳои зебову ҷаззоб дар адабиёти тоҷик ба мерос мондааст. Китоби «Худоё, худро бишносам» асари Ҳодизода низ яке аз ҳамин меросҳои адабист.
Ин китоб омехтае аз хотирот, ёддоштҳо, зиндагинома, сафарномаҳои муаллиф аст. Ҳодизода масири ҷараёни зиндагии худро ҳамроҳ бо рӯйдодҳое, ки барояш иттифоқ афтодааст дар ин китоб бо ҷузъиёт ба тасвир кашидааст. Ин китоб аз назари таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, сиёсӣ, ҳаизи аҳамият аст. Дар ин китоб илова бар кашфи ҳақоиқи таърихӣ, мисли ҷараёнҳои сиёсии давраи шӯравӣ хонанда бо фарҳангу ҳунари ин давра, театр, мусиқӣ, одобу русум, рӯзномаҳо, нашриёт ва услуби таҳсил дар донишгоҳҳо ва шахсиятҳои шохиси он давра ошно хоҳад шуд.
Пажӯҳишгарон «се ҷараёни «хештаннигорӣ», «дигарнигорӣ» ва «вақоёнигорӣ»-ро аз ҷараёноти пурхурӯши зиндагинигорӣ медонанд» (Маҳбуба Шамшергиреҳ. Анвои зиндагинавиштҳои форсӣ, 1397. С. 133). Дар китоби Ҳодизода чунин ҷараёнотеро низ метавон дид. Хештаннигорӣ ба ин маъност, ки Ҳодизода дар бахшҳое аз китоб дар меҳвари ривоятҳо қарор мегирад ва афкору андешаи худро барҷастатар баён мекунад ва ровии «ман»-и худ мешавад. Дар саросари китоб чунин вижагӣ дида мешавад, аммо дар бахши нахусти китоб, ки ба шарҳи зиндагии худи Ҳодизода ва хонаводааш тааллуқ дорад ин барҷастагӣ бештар ҳузур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ