Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Пайванди ГУЛМУРОД
ШАММАИ АЗ РӮЗГОР ВА ПАЙКОРИ
УСТОД РАСУЛХОҲ ҲОДИЗОДА
Дар аввали соли 1993 - замони мухолифату муқовимати пуравҷ, давраи ҳукмронии яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба ояндаи неку роҳбарияти тозаинтихоби кишвар, ки расонаҳои хабарии гуногуни дунё ҳар гуна бофтаву сохтаро бо мақсади ҷудоиандозии бештари мардуми тоҷик дар саҳифаҳои худ ҷой дода, онҳоро бахшҳои тоҷикии радиоҳои хориҷӣ низ паҳш мекард ва мутаассифона, бархе аз сиёсатмадору мансабталашони худӣ низ ба оташи қаҳру ғазаби мардум равған мерехтанд, дар ду шумораи рӯзномаи марказии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» мақолаи устод Расулхон Ҳодизода «Худро бишнос» ба табъ расид. Бо таҳлилу баррасии муфассали воқеот ба ояндаи неки миллату кишвар бовари комил доштанд ва мардумро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи раҳбари ҷавони ҷумҳурӣ даъват мекарданд. Андешаву мулоҳизаҳояшон дар асоси далелу бурҳони қотеъ воқеӣ буд. Мақоли «пирони кор аз таҷриба сухан гӯянд»-ро ба хотир меовард. Дар гузориши масъала як навъ умумияти мантиқие бо мақолаи устод Айнӣ «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикони кӯҳистон» ба назар мерасид, ки он дар солҳои бистуми садаи ХХ, дар замоне ки душманону мухолифин ҳаққу ҳуқуқи мардуми тоҷикро поймол ва дар бунёди давлати Тоҷикистон монеаҳо эҷод мекарданд, иншо гардида, аз қобилияти ташкилотии тоҷикони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё