Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
кӯҳистон сухан ба миён меовард. Бо чашми кам надидани тоҷиконро дар давлатдорӣ талқин мекард.
Дар ҳамон рӯзҳои ҳалкунандаи тақдири халқу мамлакат чун устод Айнӣ садои профессор Расул Ҳодизода баланд гардид. Садои пур аз боварӣ ба роҳбари ҷавон, ба ояндаи неки миллат, ободиву шукуфоии Тоҷикистони ҳамешабаҳор дар дили дигарон низ тухми эътимоду бовар ба ободиву шукуфоӣ мекишт.
Дар сӯҳбате ин андешаҳоямро ба устод Расулхон Ҳодизода иброз доштам. Бо табассуми фурӯтанона гуфтанд:
Шукри тақдир, ки бо ин марди фозилу дурандеш, алломаи замон ҳамсӯҳбативу ҳамнишиниро насиби ман гардонд ва дар қатори шахсҳои маъруф худро шогирди мактаби бузурги илмиву эҷодӣ, одамияту инсондӯстии устод мешуморам. Дурбиниву боварашон ба ояндаи Тоҷикистон буд, ки моро барои идомаи зиндагиву кор аз шаҳрҳои ободу марказҳои овозадори фарҳангӣ ба Душанбеи навбунёд ҳидоят карданд...
Профессор Р. Ҳодизода — дар шаҳри бостонии Самарқанд, маркази фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар оилаи муаллими номдор ва яке аз муассисони мактаби маорифи даврони нави тоҷики шаҳр Ҳайдархон Ҳодизода мутаваллид шудааст. Зимнан бояд гуфт, ки ин хонадон дар қарнҳои гузашта низ аҳли илму дониш ва тадрису таълим будаанд. Баъд аз инқилоб ва дертар амакҳои Расул Ҳодизода — Ризохону Ҷаъфархон ва хоҳаронаш Ҳумоюнхону Маҳвашхон аз муаллимони маъруфи мактабҳои тоҷикии Самарқанд буданд.
Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи тоҷикии Самарқанд Р. Ҳодизода соли 1944 ба Тошканд меравад ва ба факултаи навтаъсиси Шарқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дохил мешавад. Дар Тошканд саҳифаи нави таҳсил ва фаъолияти ташкиливу эҷодии солҳои ҷавонии Ҳодизода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё