Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аст: ман мувофиқи шартнома маҷбурам, ки қисми чоруми «Ёддоштҳо»-ро тайёр карда, ба нашриёт супорам (қисми саввумро 10 феврал супурдам). Ғайр аз ин барои ба чоп тайёр карда додани романи «Дохунда» ва «Ғуломон» ва ба забони ӯзбекӣ навишта додани қисмҳои 1-3 «Ёддоштҳо» ба наздикӣ бо нашриёти давлатии Ӯзбекистон шартнома бастам. Бинобар ин аз УзГУ (Донишгоҳи Самарқанд дар назар аст), ки ман коркуни иштитии он ҷо мебошам, барои роҳбарӣ ягон дипломни работро қабул накардам ва ба аспирантҳои худам, ки кори асосии ман дар УзГУ ба онҳо кор кардан аст, имсол роҳбарӣ карда натавонистам».

Ӯ аз рӯзҳои нахустини таҳсилаш дар аспирантураи Институти забон ва адабиёти АУ Тоҷикистон ба кори илмию эҷодӣ бо ҷиддияти том оғоз намуд. Аввалин мақолааш дар маҷаллаи «Шарқи сурх» - нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар асоси маводи рисолаи дипломиаш таҳти унвони «Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик» ба чоп расид. Ҳикояи «Модар»-и Ф. Кнорреро барои маҷаллаи «Шарқи сурх», «Қиссаи писарам»-и Е. Кошеваяро барои нашриёт тарҷума ва қиссаи нависандаи ӯзбек Парда Турсун «Муаллим»-ро дар тарҷумаи В. Асрорӣ таҳрир кард. Дар ганҷинаи дастнависҳои Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ба омӯзиши дастхатҳои нодир машғул шуд. Дар сар хаёли таҳқиқи осори Ҷомиро мепарварид, ки боз устод Айнӣ ӯро ба сӯйи мавзӯи нав – адабиёти тоҷики садаи XIX ҳидоят кард. Ин давра яке аз давраҳои муҳими адабу фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки ба туфайли алломаи замон Аҳмади Дониш адабиёти маорифарварӣ пайдо шуд ва дар бедориву худшиносӣ, инқилоби фикрии мардуми тоҷик дар оғози садаи бистум заминаи қавие гузошт.

пешина
аз 315
навбатӣ