Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Барои рисолаи номзадиаш «Маъхазҳои адабиёти нимаи дувуми садаи XIX» дар ганчинаи осори хаттии Тошқанд кор кард. Бисёр асарҳои нав, номҳои навро аз доираи адабии Бухоро пайдо намуд. Ҳар бор ки ба Самарқанд меомад аз ин бозётҳои наваш назди устод Айнӣ нақл мекард. Устод бо хомӯшии таҳсиномез нақли шогирдашро аз саҳифаҳои нави адабиёти асри XIX гӯш мекард. Р. Ҳодизода ҳис мекард, ки устод аз самараи корҳои илмии шогирдаш қонеъ ва хурсанд аст.
Ҳимояи рисолаи номзадиаш дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АУ СССР бо муваффақият гузашт ва тадқиқоташ дар тақризи муқарризи аввал Бертелс баҳои баланд гирифт. Бо тавсияи Мирзо Турсунзода ба Иттифоқи нависандагони СССР даъват ва ифои вазифаи мушовири адабиёти тоҷик дар Комиссияи адабиёти халқҳои шӯравии Иттифоқи нависандагони СССР -ро пешниҳод карданд. Вале боз устод Айнӣ ӯро ба Душанбе хонд, ки чун яке аз дастпарварони мактаби бузурги илмии устод дар таҳқиқу тадқиқи муҳимтарин масоили филологияи тоҷик фаъолона ширкат варзид. Ӯ бо тавсияи шодравон А. Мирзоев ба омӯхтани ганчинаи дастнависҳо машғул шуд. Самараи ҳамин омӯзиши дастнависҳо буд, ки Р. Ҳодизода осори номаълум ва каммашҳури шоиру нависандагони асри 18 аз ганчинаи дастнависҳо ба даст овард. Дар асоси ин дастнависҳо шогирдонаш ҳаёти адабии ин давраро, ки одатан замони сукут мегуфтанд, дар рисолаву китобҳо барқарор намуданд.
Баробари ҳамин Р. Ҳодизода ба омӯхтани рӯзгору осори алломаи замон Аҳмади Дониш шурӯъ намуд. Вай пеш аз ҳама саҳифаҳои нави рӯзгори Донишро аз рӯи маводи архивҳои Россия кашф намуд. Вай дар ин мавзӯъ мақолаву ахбори муҳимме ба чоп расонд. Ӯ нахустин олиме буд, ки соли 1957 порчаҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё