Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
донишмандон аз сахтгирӣ ва меҳрубонии устоди худ ба некӣ ёдовар мешаванд.
Профессор Р. Ҳодизода бо донишгоҳҳои Душанбеву Самарқанд робитаҳои қавӣ дошт. Дар мавзӯъҳои муҳимтарини таърихи адабиёт дарс гуфтааст: такомул ва таҳаввули жанрҳои лирикии назми форсӣ, мактаби шеъри Ҳофиз, Қуръон ва адабиёти форсу тоҷик, ахлоқ ва ҷомеа... Баробари ҳамин вай дар таълифи китобҳои дарсии адабиёт барои синфи 9-и мактаби миёна, китоби дарсии адабиёти асрҳои XVII – XX барои мактабҳои олӣ ширкат доштааст.
Профессор Р. Ҳодизода дар эҷодиёти бадеӣ ҳамчун нависанда низ аз адибони пурмаҳсул аст. Дар солҳои 60 – 70 ҳикояҳои таърихии ӯ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», «Қасидаи доггоҳ», «Танбӯри дилкаш», «Парвози Шоҳин», «Қиссаи духтари Рум», драмаи «Маздак» дар байни хонандагон маъруфияти бештар дошт. Дар солҳои 80 – уми садаи гузашта профессор Р. Ҳодизода асари дугонаи «Ситорае дар тирашаб» ва «На ситораҳо мерезанд»-ро таълиф ва чоп кард. Дар ин асарҳо фаъолияти маорифпарварӣ ва дипломатияи Аҳмади Дониш дар муҳити воқеаҳои сиёсии муносибатҳои Русияву Осиёи Миёна ба таври густурда тасвир ёфтааст. Ин асарҳо ба воситаи тарҷумаи русӣ дар байни хонандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ низ маъруфият ёфт.
Ниҳоят аз фаъолияти тарҷумонии устод Р. Ҳодизода низ зикре бояд кард. Аз солҳои аввалини ба Душанбе омаданаш нашриёти давлатӣ ва идораҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ӯро ба тарҷумаи осори бадеии классикони рус ҷалб намуданд. Вай асари машҳури И. С. Тургенев «Хотираҳои шикорчӣ», романи «Арафа», қиссаи Н. В. Гогол «Помешчикони кӯҳнапараст», қиссаи В. Ҳюго «Рӯзи охирини маҳкуми марг»-ро ба тоҷикӣ баргардондааст. Романи машҳури М. Шолохов «Дони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё