Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ором»-ро дар тарҷумаи Э. Муллоқандов, романи Н. Чернишевский «Чӣ бояд кард?»-ро дар тарҷумаи Ҳасан Ирфон таҳрир намудааст. Р. Ҳодизода дар тарҷума ва таҳрири осори В. И. Ленин дар чиҳилу панҷ ҷилд фаъолона ширкат варзида, барои ин хизматҳояш ба гирифтани Шарафномаи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон сазовор гардид.
Дар солҳои навадуми садаи XX дар муҳити ноором ва ҷангҳои дохилии ҷумҳурӣ қалам аз даст нагузошт. Дар айни шиддати ҷангҳои дохилӣ мақолаи калоне дар ҳафт шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо унвони «Ба номи Худои ягона, ба поси ягонагии миллат» чоп карда гурӯҳҳои ба ҳам муқобил ва мухолифро ба ягонагӣ даъват намуд. Дар зери садоҳои тиру туфангу тӯб «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-ро таълиф намуд. Дар ҳамин солҳо монографияи «Тасаввуф дар адабиёти форс-тоҷик»-ро ба поён расонид. Баъд аз истиқрори сулҳу осоиш китоби таърихиву бадеии «Самарқанднома»-ро навишта ба чоп расонид. Инчунин китоби хотироти худро бо номи «Худоё, худро бишносам» таълиф ва нашр намуд. Ҳоло ду китоби нави устод омодаи чоп аст.
Аз устоди зиндаёд профессор Расул Ҳодизода мактаби бузурги илмие ба ёдгор монда, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамзабону дар байни бисёр донишмандони риштаи филологияву ховаршиносии ҷаҳон маъруфият дорад ва шогирдони зиёдиашон имрӯз чароғи илму маърифатро фурӯзон медоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё