Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ге будаанд. Вақтҳои ҷанги байни ҳокимон ӯ давлатҳо дастаи ғозиёнро киро мекардаанд.

Аъзо-корреспонденти АФ СССР Б. Ғафуров дар «Таърихи халқи тоҷик» оид ба давлати Саффориён сухан ронда менависад, ки «дар охири асри IX фавҷҳои мусаллаҳи ғозиён асоси он ҷунбиши бузурги халқӣ буданд, ки дар шарқии Эрон ба вуҷуд омада, Яъқуб бинни Лайс сардори он буд». Фаъолияти ғозиён ҳангоми шӯришҳои халқии асрҳои VIII—X дар «Таърихи Сиистон» ва романи «Абӯмуслимнома» хеле равшан тасвир ёфтааст.

Вобаста ба тағйир ёфтани ҳаёти сиёсии мамлакат аз асрҳои X сар карда, машғулият ва сохти ҷамоати ғозиён низ тағйир меёбад, чунки давлати мутамаркази Сомонӣ ба онҳо эҳтиёҷе надошт. Як қисми ғозиён роҳзану дузд шуда рафтанд, гурӯҳи дигар аз ғаниматҳои ҷанг бой шуда, ба табақаи боло ҳамроҳ гаштанд. Қисми дигари онҳо, ки аслан ба шаҳр вобаста буданд, ба шаҳр баргаштанд. Онҳо ба ташкилотҳои худмуҳофизати ҳунармандон дохил гаштанд. Ташкилотҳои ҳунармандон низоми махсус дошта, аъзоёни онро ҷавонмард ва баъзан айёр ҳам меномиданд. «Айёр» муродифи ҷавонмард будааст. Оид ба хусусиятҳои ҷавонмардони пеш аз давраи муғул ду сарчашмаи мӯътабар маълум аст. Яке ҳамин китоби «Самаки айёр», дигаре китоби Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома». Агар «Қобуснома» танҳо дар бораи ахлоқи ин гурӯҳ маълумот диҳад, китоби «Самаки айёр» аз низому тартиб, машғулият ва хулқу атвори ҷавонмарду айёрон муфассал хабар медиҳад. Машғулияти ҷавонмардон хеле гуногун будааст: Муҳофизати ҳуқуқи ҳунармандони маҳаллаи муайян, додхоҳиву ҳоҷатбарорӣ, бо илтимоси касе қасоси ӯро аз каси дигар гирифтан, шабравӣ ва ғайра. Низому қоидаи ташкилоти онҳо низ хеле аҷиб аст: «Ҳар касеро, ки ба ҷамъият қабул мекардаанд, қасам ёд мекунонидаанд». Рӯҳафзои мутриба бо чунин савганд ба сафи ҷавонмардон қабул мешавад: «...ба яздони додор, парвардигори омурӯзгор ва ба ҷони покону ростон, ки дил ба шумо (яъне ҷавонмардон Ю. С.) яке дорам ва бо дӯстони шумо дӯст бошаму бо душмани шумо душман ва ҳаргиз рози шуморо ошкоро накунам». Ҷавонмардон сарои махсус дошта, дигаронро бо иҷозат ба ҳарами худ роҳ медоданд, вале дари сарои онҳо барои меҳмону мусофирон доимо боз будааст. Инро аз тарзи Хуршедшоҳро қабул кардани Шағоли Пилзӯр мушоҳида менамоем.

Хусусан ахлоқи ҷавонмардон ҷолиби диққат аст. Онҳо тамоми хислатҳои неки инсониро доро буда, хайрхоҳи мардуми бечораанд. «Ҳадди ҷавонмардӣ, — мегӯяд Шағоли Пилзӯр, — аз ҳад фузун аст, аммо он чи фузунтар, ҳафтоду ду тараф дорад ва аз ин дуро ихтиёр кардаанд: яке нон додан ва дуввум роз пӯшидан». Росткорӣ, ростқавлӣ, поктинатӣ ва садоқат ба ёрон аз хислатҳои ҷавонмардон аст.

пешина
аз 290
навбатӣ