Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки гуфта шуд, ровии китоб Садақаи Абулқосими Шерозист ва котиб Фаромурзи Худодод аз Арҷони Форс аст, аммо аз шеваи китоб,— мегӯяд Хонларӣ,— тахмин кардан мумкин аст, ки ин ривоят дар Хуросон мураттаб шуда бошад.

Дар охири сарсухан Парвези Хонларӣ аз чанд ҷиҳат аҳамият доштани «Самаки айёр»-ро зикр карда навиштааст: «Аммо фоидаи муҳимтар иттилоотест, ки аз рӯи ин китоб дар бораи авзои иҷтимоӣ ва фарҳангии Эрон дар қарнҳои шашум ва ҳафтум (асрҳои XII— XIII милодӣ — Ю. С.) ба даст метавон овард ва аз ин ҳайис шояд аз сад девони шеър ба ин андоза истифода натавон кард». Аз валини ва калонтарини аҳамияти иҷтимоии роман, ба фикри Хонларӣ, маълумотест, ки аз ин китоб дар хусуси ҷамоаи айёрон ва ҷавонмардон ба даст меояд.

Мундариҷаи «Самаки айёр»-ро зоҳиран саргузашти тӯлонии ду ҷавони дилдода — Маҳпарии Чинӣ ва Хуршеди Ҳалабӣ ташкил менамояд. Ин навъ ибтидои ишқиро дар бисёр қиссаҳо мебинем. Аммо асли мақсади гӯяндаи китоб, ғояи иҷтимоиву аҳамияти таърихии асар ва композитсияи роман чун асари мукаммали насри бадеии асрҳои миёна ба воситаи образи ҷавонмардону айёрон ва корномаи онҳо ифода ёфтааст. Қаҳрамони асосии асар Самаки айёру Шағоли Пилзӯр, Хуршедшоҳ ва дигар ҷавонмардону паҳлавонон мебошанд.

Ҷавонмардону айёрпешагон оё образҳои хаёлии муаллифи роман мебошанд ва ё асоси таърихӣ доранд? Ба ин савол ҷавоб нагирифта мазмуни асарро ҳаматарафа фаҳмидан мушкил аст.

Ҳаёти иҷтимоии синфҳо дар давраи феодализм хеле мураккаб буд. Дар зери таъсири ҳодисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз табақаҳои мухталиф одатан гурӯҳи бузурги одамон «ронда» мешаванд, ки онҳо на сарпаноҳи муайяне ва на даромади доимии моддӣ доштанд. Ин гурӯҳи одамон табақаи махсусро ташкил менамуданд.
Ф. Энгельс дар китоби машҳури худ «Ҷангҳои деҳқонон дар Германия» ин гуна табақаҳои ҷамъияти немисро «оппозицияи плебей»
номида, аз рӯи машғулияташон онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардааст.
Гурӯҳе дар вақтҳои ҷанг чун аскарони кироя ба ҳарб машғул буданд; гурӯҳи дигар дар деҳот гадой ва оворагардӣ мекарданд; сейӯмин гурӯҳ дар шаҳр бо корҳои кирояи рӯзмарра, мисли ҳаммолӣ зиндагӣ менамуданд».¹ Ҳамон табақаи махсуси ҷамъияти феодалии Осиёи Миёна ва Эрон ба плебейҳои Аврупои асрҳои миёна хеле монанданд.
Дар асрҳои VII—VIII асосан аз ҷумлаи ҳамон «плебейҳои» Осиёи Миёна дастаҳои мусаллаҳи ғозиён ташкил ёфта буданд, ки зоҳиран бар зидди кофирон барои тарғиби дини ислом ҷанг мекарданд. Аммо онҳо бештар бар муқобили хилофат ва давлати маҳаллӣ меҷангиданд.
Хусусан ҳангоми шӯришҳои халқӣ ғозиён барои давлат хавфи бузур-

1 К. Маркс и Ф. Энгельс, Сочинения, том 7, стр. 354—355.

пешина
аз 290
навбатӣ