Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
«Самак хизмат кард, гуфт: Эй шоҳ, ҷавонмардон дурӯғ нагӯянд агар сари эшон дар он кор биравад». Ҷавонмардону айёрпешагони китоби «Самаки айёр» ягон фасодкорӣ ва риё, иғвогариву муносибати ношоиста ба занон содир намекунанд. Онҳо ростқавлу бовиҷдонанд. Вақте ки Самак Маҳпариро аз ҷои хобаш дуздиданӣ мешавад, аввал ӯро бедор карда, ба гувоҳии яздон бо якдигар хоҳару додар мешаванд. Садоқат ва бародари шиори онҳост. Боре Самак мегӯяд: «...дар ҷавонмардӣ раво нест, ки қавме дар бало раҳо кунем ва худ берун равем. Чун эшон барои мо ҷон фидо кардаанд, то ҷон дорем, бо эшон хоҳем будан».
Ҷамоати ҷавонмардон, аз рӯи тасвири мусаннифи «Самаки айёр» бо мардуми шаҳр алоқаи зич доштаанд. Худи ҷавонмарду айёрон низ бештар ба табақаҳои поёнии ҷамъият нисбат дошта, Самак писари Саҳлбони Фирӯзи шаробдор, Моҳрӯя наббош, Хумор ҳаммомӣ, Рӯҳафзо мутриба, Сурхвард побараҳна, Заранд ҷарроҳ буданд то чи андоза бо мардуми шаҳр алоқа доштани ҷавонмардонро аз порчаи зерини «Самаки айёр» дидан мумкин аст. Вақте ки Самак ва ёрони ӯ аз таъқиби одамони шоҳ дар кӯчаи Сангин пинҳон мешаванд, «...қавме катхудоён ва ҷавонони шаҳр меомаданд ва гӯшту ҳалво ва машъалаҳову машқҳои об меоварданд ва ҷавонон бо силоҳ меомаданд, аз баҳри он, ки ба эшон ёр бошанд. Гурӯҳе, ки дар шаҳр пароканда буданд то он соат,.. миқдори чаҳор сад ба ёрии эшон омада буданд. Бо силоҳи тамоми ва обу нони фаровон».
Яке аз хусусиятҳои ҷамоати ҷавонмардон меҳмоннавозӣ ва мусофирдӯстӣ мебошад. Ҳатто дар байни онҳо парастиши меҳмон вуҷуд дошт. Дар романи «Самаки айёр» ҳам тамоми он такопӯ ва корномаи дастаи ҷавонмардону айёрон ба туфайли меҳмони ҷавони ҳалабӣ Хуршедшоҳ, ки ба сарои онҳо бо умеди ёрӣ омада буд, ба вуқӯъ меояд. Донишманди таъриху адабиёти турк академик В. А. Гордлевский оид ба ҷамъияти «Ахӣ»-и Осиёи Сағир, ки низ сардори ташкилоти ҳунармандон буданд, баҳс карда, менависад, ки шояд ахиёни Туркия ҳамон ғозиёне бошанд, ки аз Эрон ва Осиёи Миёна омадаанд. Сайёҳи маъруфи асри XIV-и араб Ибни Баттута таассуроти худро аз муносибати ахиёни Туркия тасвир карда, эҳтироми бениҳояти меҳмонро дар ташкилоти ахиён махсус қайд кардааст. Меҳмондӯстиву мусофирнавозӣ аз хислатҳои барҷастаи мусбати ҷавонмардон ва ахиён буд.
Нисбат доштани қариб тамоми ҳамин хислатҳоро ба ҷавонмардону айёрони Хуросон ва Осиёи Миёна нависандаи асри XI, муаллифи «Қобуснома» Унсурулмаолии Кайковус тасдиқ менамояд. Дар боби 44-уми китоби мазкур, ки ба хулқу атвор ва низому хислатҳои ҷавонмардон бахшида шудааст, чунин менависад:
«Уламо гуфтаанд, ки асли ҷавомардӣ се чиз аст: яке он, ки он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё