Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва аз он кор ғамнок шуданд. Қатур дар болини бародар омад ва ӯро бикушод. Ҳеҷ кас заҳра надошт, ки аз вай бозпурсад, ки чӣ гуна афтод. Қатрон низ нагуфт. Савор гашт ва ба лашкаргоҳ омад. Қатрон дилтанг буд. Рӯзи дигар бомдод бифармуд, то кӯси ҳарбӣ бизаланд, ки: «Ман имрӯз коре кунам ба эшон, ки то ҷаҳон бошад, аз он боз-гӯянд!»

Эшон бар азми пайкор. Аз ин ҷониб Самаки айёр ба боргоҳ омад. Дар он соат Хуршедшоҳ бар тахт баромада буд. Самакро дид, бипурсад. Самаки айёр аҳволи рафта бозмегуфт, паҳлавонон аз ханда беҳол.

Самак мегуфт:

— Эй шоҳзода, он асп кори ман ба зиён овард. Ҳарчанд ҷаҳд кардам, то он аспро аз ҷониби дигар биронам, нарафт, ки лашкар ба ман расиданд. Аспе шамус 1 буд. Ҳеҷ душвортар аз он набуд, ки он асп шиҳа мезад. Бим буд, ки он аспро бикушам.

Паҳлавонон ба ханда афтода буданд.

Паҳлавонон гуфтанд:

— Эй Самак, моро ба ёрӣ мебоист хондан, то он аспро гӯш бигирифтамоне ва биёвардамоне.

Ин маънӣ мегуфтанд ва механдиданд, ки ногоҳ рояти шаб нигунсор шуд ва рояти рӯз барафрохтанд. Олами ғам-нокшуда аз ҷомаи сӯгворӣ берун омад ва ҷомаи зарбафт пӯшид ва ба тахти мулк баромад. Хуршеди ҷаҳоннамой ба ҳаққи хидмат аз гӯшаи фалак рух бинамуд ва хиромон ба хидмати олам омад. Камар баста ба болои сари олам би-истод ва шуои хеш ба олам нисор кард. Чун шоҳи рӯз бар тахти мулк баромад, фармон дод, то ҷаҳониён ба хидмати подшоҳ раванд.

Чун олами рӯз бар ҷаҳони шаб музаффар гашт, аз лашкаргоҳи Қизилмалик овози кӯси ҳарбӣ баромад. Си-поҳ дар ҳаракат омаданд. Се ҳазор савор дар мағзи оҳан ниҳон шуданд ва рӯй дар майдон ниҳоданд. Самак дар пеши Хуршедшоҳ истода буд. Гуфт:

— Эй шоҳ, ба зудӣ азми ҷанг кардан Қатрон фармуда-аст, бад-он кинаи дӯш, ки ӯро натавонистам овард. Дареғ мехӯрдам аз он чӣ он шаб бо ман карда буд.

Хуршедшоҳ бо дигарон ба ханда дарафтоданд. Хуршедшоҳ бифармуд, то лашкар азми майдон кунанд. Хуршедшоҳ савор гашт ва чатри гавҳарнигор болои сари вай барпой карданд. Биёмад ва дар қалби лашкар биистод.

1 Ш а м у с — саркаш, бадхӯ.

пешина
аз 290
навбатӣ