Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
доштан. Ӯро ба ман сипор, ки аз баҳри номи худ ӯро ба ҷон нигоҳ дорам.
Қатрон гуфт:
— Ту донӣ.
Оташак дасти Самаки айёр бигрифт ва ба хаймаи хеш бурд ва дасти вай бикшод ва биншастанд.
Аз он шаб Қатрон шароб намехӯрд аз бими Самак. Чун ӯро баста дид, ки ба дасти Оташак аст, гуфт:
— Шароб оред, то бар ин шодӣ шароб хӯрем, ки маро аз қаҳри Самак шароб фурӯ намерафт. Акнун фориғ шудам.
Дарҳол шароб оварданд. Қатрон ба шароб хӯрдан машғул гашт ва шароби бисёр бар худ паймуд, то маст гашт ва бихуфт.
Самак ва Оташак нигоҳ медоштанд, то Қатрон бихуфт. Самаку Оташак ҳар ду бархостанд ва ба хаймаи Қатрон омаданд. Қатронро диданд беҳуш афтода.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, ӯро чӣ гуна барем?
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, ту донӣ. Ман ин кор надонам.
Самак андеша кард ва гуфт:
— Эй бародар, ҳеҷ маҳде ба даст тавонӣ овардан?
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, бар дари хаймаи Қатрон ду маҳд ниҳодааст ва азони Меҳрони вазир аст, ки зан ва ду духтари вай бад-ин ҷой фиристодааст.
Самак он бишнид ва дар гӯш наёвард ва аз хайма берун омад ва он ду маҳд бидид, гуфт:
— Эй Оташак, ду астар ба даст овар, ки ту ин ҷойгоҳ густохӣ, то ман ба тартиби Қатрон мекунам.
Оташак ба боргоҳ рафт, ки астар оварад. Самак Қатронро дар маҳд хобонид ва ҳар чӣ ёфт аз заррина ва симина ҳама дар маҳд ниҳод, ки дарҳол Оташак бирасид ва ду астар биёвард ва ду маҳд бар астарон ниҳод.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, сӣ ғуломро бихон ҳама силоҳ пӯшида ва шамшерҳо кашида ва перомуни маҳд фурӯ гиранд, то Қатронро бадрақа бошанд, то ба лашкаргоҳ барем. Агар ғуломон пурсанд, ки чӣ будааст ва чаро чунин мебояд кард. Бигӯй: «Паҳлавон ба ман гуфт, чун ман маст шавам, маро бар канори лашкаргоҳ баред ва ғуломон маро нигоҳдорӣ кунанд, то, агар шабехун оранд, ман дар миёна набошам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё