Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оташак ба хаймаи ғуломон омад. Сӣ ғуломро бифармуд, то силоҳ пӯшиданд ва теғҳо баркашиданд ва аҳвол бигуфт, ки паҳлавон чунин фармудааст. Пас, ғуломонро биёвард ва перомуни маҳд бидошт ва ғуломон бо ҳам мегуфтанд:
— Ин чӣ ҳолат аст. То аз лашкаргоҳ берун рафтанд, аз дасти рости талоя бигузаштанд, ғуломон ғофил, то бар канори лашкаргоҳи Хуршедшоҳ омаданд.
Сиёҳгил амири талоя буд, нигоҳ кард, қавме дид, ки меоянд, теғҳо кашида ва маҳде дар миён гирифта ва яке дигар зимоми астарон гирифта. Сиёҳгил пеши эшон боз-омад. Нигоҳ кард. Самакро дид он зимоми гирифта ва ҷулбоб ба рӯи маҳд фурӯ гузошта ва сӣ ғулом перомуни маҳд. Чун Сиёҳгилро дид, пеш омад ва хидмат кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, Қатрон аст, ки ӯро бо эъзозу икроми тамоми дар маҳд хобонидаем ва сӣ ғулом бадарақа карда ӯро бидошта, то Самак ӯро бибарад. Акнун шумо ғуломон бигиред.
Сиёҳгил бонг бар лашкар зад, ки ин ғуломонро бигиред. Лашкар перомуни ғуломон даромаданд ва ҳамаро бигирифтанд. Самакро гуфтанд:
— Ин шахси дигар кист?
Гуфт:
— Ӯ бародари ман аст.
Пас, ҳамчунон бо маҳд меомаданд, то ба боргоҳ расиданд ва рӯз равшан шуда буд ва Хуршедшоҳ ба тахт баромада.
Самак даромад ва хидмат кард.
Шоҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, дӯш чун будӣ?
Гуфт:
— Дӯш ба иқболи шоҳ ба хидмати Қатрон рафтам ва Қатронро бо тамкини тамоми овардам, чунон ки подшоҳро оваранд, дар маҳд хобонида ва ғуломон ӯро бадарақа карда.
Шоҳ гуфт:
— Куҷост?
Самак берун рафт ва ҳамчунон астар бо маҳд ва боргоҳ овард, пеши тахти шоҳ ва ҷулбоби маҳд барафканд. Қатрон бар мисоли зиндапиле маст хуфта.
Пас, аҳволи овардани Қатрон, ки чӣ гуна кард бо Оташак ва ӯро кор чун афтод, ҳама шарҳ бозмедод ва паҳлавонон ҳама механдиданд аз кори Самак ва бар вай офарин

пешина
аз 290
навбатӣ