Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мекарданд. Самак даромад ва ду сабили Қатрон бигрифт ва биканд. Қатрон аз он ниҳеб чашм боз кард. Даст ба сабил дармолид, нигоҳ кард, то чӣ будааст, ки Самак ӯро қафое зад, чунон ки аз ҷой баромад аз захми қафо. Чашм нек боз кард, назари Қатрон ба Хуршедшоҳ афтод. Он ҳайбату сиёсат ва қоида дид ва фарри подшоҳӣ. Фурӯ монд. Бо худ гуфт: «Ман куҷоям?» Пас, овоз дод ва хизматгоронро бихонд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй фурӯмоя, хизматгорони ту ба хашм бирафтанд аз баҳри он, ки ту гардани маро бихостӣ задан. Ман низ бар он ситеза, ки маро қафо заданд, туро биёвардам, то доди эшон аз ту бихоҳам.
Қатрон нигоҳ кард, Самакро дид бо Оташак истода, Гуфт:
— Эй Оташак, ин чӣ ҳолат аст ва чӣ ҳилат буд, ки кардед?
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, Самак аз ин батар бисёр кардааст, ночор, ки ту ӯро куштан фармой, туро биёвард ва бар ин розӣ абошад, бародари туро низ биёварад, то пеши ту мебошад, то дил бад накунӣ.
Қатрон сар дар пеш афканд. Хуршедшоҳ рӯй ба Аргун кард ва Шерӯву Сиёҳгил ва Сом ва Самур ва Кармун ва Санҷар ва дигар паҳлавонон. Гуфт:
— Ман дар миёни шумо ғарибам ва аҳволи суду зиёни шумо бо шоҳи Мочин намедонам. Акнун Қатрони паҳлавонро оварданд, агар ба мардӣ, гар ба макр агар доштанӣ аст, бидоред ва агар куштанӣ аст, бикушед ва агар банд мебояд ниҳодан биниҳед ва доред ва агар бозмебояд фиристодан, бифиристед ва хилъат диҳед. Он чӣ маслиҳат аст, мекунед. Шумо донед.
Ҳамагон хизмат карданд ва гуфтанд:
— Худойгонро бақо бод, дар ҳамаи рӯзгори пеш аз мо хироҷи Мочин ба шаҳри Чин доданӣ ва маъмури амри мо будандӣ. Чун дӯстӣ афтод, хироҷ аз миён бардоштанд. Ҷаҳон осуда буд. Акнун мебинам, ки ба ҷанг омадаанд. Раво набошад, ки марде чун Қатрон, ки паҳлавони Мочин аст, дар банди мо афтад, аз даст раҳо кунем.
Арғуни буғрой гуфт:
— Эй шоҳ, Қатрон кӯчакмарде нест, ки ӯро фурӯ гузорем. Ӯро ду бародар ҳаст — яке Қатур ва яке Сайлам, Ночор талабгори бародар бошанд. Ӯро банд барбояд ниҳодан

пешина
аз 290
навбатӣ