Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва дувист савор бо вай ҳамроҳ карданд ва ба дараи Буғрой фиристоданд ва ҳуҷҷат гирифтанд, то мувакил бар вай гуморанд ва ӯро нигоҳ доранд.

Бозомадем ба ҳадиси лашкар ба дараи Буғрой фиристодан. Бад-он, ки аз он ҷониб чун аз гардиши гардун мӯҳраи симин дар ташти заррин афтод, амуди субҳ барафрохта шуд, меҳри тобон сар аз гиребони машриқ баровард. Сипоҳи рӯз ба олам даромад ва хайли шаб мунҳазим шуд. Қизилмалик ба тахт баромад. Умарои давлат дар хизмат омаданд. Соате буд, Қатрони паҳлавон наёмад. Қизилмалик гуфт:
— Чаро Қатрон намеояд? Бингаред, то ӯро чӣ будааст.
Ходиме буд устоди сарои Қизилмалик ва хос буд ва номи ӯ Кофур. Омад то бар дари хаймаи Қатрон. Хидматгорон истода ва шуққаи хайма фурӯгузошта. Гуфт:
— Чаро паҳлавон дер ба хизмат меояд? Шоҳ моро фармуд, ки бирав, бигӯй, ки паҳлавон Қатрон чаро ҷанг намеоярд? Магар ҳанӯз хуфтааст?
Гуфтанд:
— Эй Кофур, ҳанӯз аз хайма берун наёмадааст.
Кофур гуфт:
— Яке дарравед ва бигӯед, ки лоло Кофур, бандаи Қизилмалик истодааст ва туро мехонад.
Эшон гуфтанд:
— Эй лоло, ту густохтарӣ ва ба ҳама ҷойгоҳе дартавонӣ рафт. Дар хайма рав ва ӯро бигӯй.
Кофур шуққаи хайма бардошт, дар хайма рафт. Ҷомаи хоб дид афканда ва болиш ниҳода ва аспи хинг истода ва Қатрон ҳеҷ ҷой падидор набуд. Фарёд бардошт ва гуфт:
— Қатрон дар хайма нест.
Хидматгорон дар хайма давиданд. Чун Қатронро надиданд, хурӯш бароварданд. Кофур бозгашт ва пеши Қизилмалик омад ва аҳвол бигуфт. Хидматгорони Қатрон биёмаданд ва гуфтанд:
— Ҳар чӣ зарринаву симина ва фаршу афканданӣ буд, ҳама бурдаанд.
Дигаре биёмад, ки:
— Эй шоҳ, он маҳд, ки духтари Меҳрони вазир дар вай буд, он низ бибурдаанд.
Қизилмалик сар дар пеш афканд ва дилтанг шуд. Ҷамоате биёмаданд ва гуфтанд:

пешина
аз 290
навбатӣ