Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй шоҳзода, сӣ ғулом падидор нест.
Аз ногоҳ марде омад, ки ду астар маркабе падидор нест. Қизилмалик сар дар пеш афканд. Замоне буд, бо паҳлавонони худ гуфт, ки:
— Ин чӣ гуна будааст? Чаҳорпой ва симинаву заррина дузд битавонад бурдан. Паҳлавоне чун Қатрон бо сӣ ғулом ва маҳд чӣ гуна бибаранд? Магар ба ҷойгоҳе рафта бошад?
Қатур — бародари Қатрон бо сӣ ғулом хидмат карданд, ки:
— Эй шоҳзода, паришаб ӯро бурда буданд дар болиште афканда. Чун банда аз талоя бозмегашт, ӯро бар аспи ҳинг баста буданд. Асп куррадор буд ва намерафт. Чун мо бирасидем, ӯро яла карданд ва бирафтанд. Мо ӯро ба лашкаргоҳ бозовардем. Ин аҳвол ба шоҳзода нагуфтем, аз баҳри дили Қатрон то ӯро ҳиҷолате аз шоҳзода набошад. Мумкин аст, ки ӯро бурдаанд.
Қизилмалик гуфт:
— Ӯро бо сӣ ғулом чӣ гуна тавонанд бурдан? Кадом паҳлавон будааст?
Ҷамоате, ки дида буданд, ки Оташак Самакро даст баста пеши Қатрон мебурд, гуфтанд:
— Эй шоҳзода, магар ин кор Самак кардааст, ки дӯш Оташакро дидем, ки ресмон дар гардани Самак карда буд ва даст бозпас баста ва пеши Қатрон мебурд, мо ӯро қафо мезадем. Оташак раҳо намекард. Он мард кардааст.
Эшон дар гуфтор, ки ҷосус даромад ва хидмат кард. Гуфт:
— Эй шоҳ, паҳлавон Қатронро дар боргоҳи Хуршедшоҳ дидам бо сӣ ғулом асир барбаста. Эшонро дӯш бурдаанд. Самак ва Оташак бо ҳам ёр будаанд ва кори бадтарин он аст, ки Оташак осӣ гаштааст ва бо Самак яке шудааст. Эй шоҳ, банда истода буд, то он соат, ки Қатронро банд барниҳоданд ва ба дараи Буғрой фиристоданд ва ғуломон ҳар ду ба яке бахшиданд.
Қизилмалик чун ин сухан бишнид, дилтанг шуд ва пушти даст ба дандон биканд ва гуфт:
— Ин аҳвол дар ҷаҳон чӣ гуна бошад гуфтан, ки паҳлавоне чун Қатрон бо сӣ ғулом дар як шаб аз миёни сӣ ҳазор савор бубаранд ва ҳеҷ касро хабар набошад? Пас, рӯй ба паҳлавонон кард ва гуфт:
— Чӣ гуна мебинед? Ҷанг кунем бо эшон ё на ва агар эшон ҷанг хоҳанд чӣ тадбир созем?

пешина
аз 290
навбатӣ