Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳ, агар Қатронро бибурданд, беш аз як мард набуд. Мо то ҷон дорем, ҳарб кунем.
Қатур хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, ин кор маро афтодааст. Аз баҳри бародар бикӯшам. Ё сар биниҳам ё бародар аз банд берун оварам.
Шоҳ бар вай офарин кард ва бар ҳамагон дуо гуфт:
Шокири соҳибқалам гуфт:
— Эй шоҳ, тадбири беҳтар аз ин бояд кардан. Чора он аст, ки мо ин ҷо пеши сипоҳ нигоҳ медорем ва аз ин беҳтар гӯшдорӣ мекунем ва дафъи ҷанг месозем, то агар ҷанг мебояд кардан, ба оҳистагӣ ба сар барем. Нома ба шоҳ фиристем ва аҳволи гузашта бигӯем, то моро мадад фиристад ва тадбири ҷанг аз ин беҳтар кунем.
Қизилмалик гуфт:
— Чунон ки донӣ, нома навис. Туро маълум аст. Ҳама дар нома ёд кун.
Шокир дарҳол давоту қалам хост ва нома навишт.
Аввал номи яздон ёд кард, ки «Ин нома аз ман, ки Қизилмаликам, бандаи шоҳи ҷаҳон Арманшоҳ, хисрави ҷаҳон, худованди ман, падари бузургвор бидонад он худованд, ки чун аз хидмати шоҳ бо лашкар берун рафтем, ба номаи Меҳрон ва ба гуфтори вай хештанро дар дами аждаҳо афкандем, аз баҳри он, ки магар духтари Фағфур биёбем. Тамаи мо ба тоун бадал шуда. Аҳвол на чунон буд, ки мо пиндоштем ва хост моро буд ва на чунон буд, ки моро гуфта буданд ва кор бар мурод барнаёмад, ки Хуршедшоҳ аз банд биҷаст ва духтар Фағфур ба мо мефиристод, Хуршедшоҳ ба роҳ омад ва ӯро бибурд ва ба дараи Буғрой паноҳ гирифт, пеши Арғуни сарҷӯпон. Ва чун Фағфуршоҳ огоҳ шуд, Хуршедшоҳро хилъат фиристод ва лашкар дод ва ба домодӣ баргузид ва ба ҷанги мо фиристод. Агар чи Маҳпарӣ ба дасти вай нест, аз миёна ба қалъаи Шоҳак фиристодаанд. Ва бо ин ҳама чун Хуршедшоҳ бирасид, як рӯз масоф додем ва халқи бисёр аз ҳар ду ҷониб кушта шуд ва ба оқибат Қатрони паҳлавонро ба заб аз лашкаргоҳ бибурданд. Марде дар миёни эшон аст, номи ӯ Самак аст. Шабраве ва айёре, ки Хуршедшоҳро аз банд раҳонид ва корҳо мекунад, ки дар ҷаҳон касе накардааст. Ва Меҳрони вазир бисёр ҷаҳд кард ва мекунад. Ва бар дурустни гуфтори хеш моли фаровон ва зану духтар пеши мо фиристод. Ба ҳар чи тавонистем, ҷаҳд кардем. На аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё